Як сомонӣ барои як кило "тиллои сафед": Дар Суғд арзиши пахта боло рафт

© дафтари матбуоти раиси СуғдҶамъоварии пахта аз сӯи мақомдорони вилояти Суғд, бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин вилоят
Ҷамъоварии пахта аз сӯи мақомдорони вилояти Суғд, бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин вилоят - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Обуна шудан
Масъулони ҳукумати вилояти Суғд дар барои ба 1 сомонӣ афзудани чидани як кило пахта дастур додаанд
ДУШАНБЕ, 13 сен – Sputnik, Қамари Аҳрор. Ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои пунбапарвари Суғд умдатан дастӣ сурат мегирад. Имсол маъракаи пахтачинӣ дар Суғд бо ҳузури раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто раиси вилоят дар миёни пахтачинон шуруъ шуд.
Рӯзҳои 10 - 12 сентябр аз аксҳое, ки масъулони матбуотии ҳукуматҳои шаҳру навоҳии Суғд нашр намуданд, дида мешавад, ки роҳбарони ҳукумати шаҳру ноҳияҳо бо либоси саҳроӣ ба пахтачинӣ баромадаанд.
Ҷамъоварии пахта аз сӯи мақомдорони вилояти Суғд, бо иштироки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин вилоят - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Раиси Суғд бо беш аз ҳазор мақомдори дигар ба ҷамъоварии пахта рафт - аксҳо
Чандест, бо оғози мавсими пахтачинӣ, ки асосан фасли тирамоҳ, наздик ба сардиҳои зимистон, кормандони соҳаи буҷавӣ, аз ҷумла омӯзгорони макотиб ба чидани пахта ҷазб мешаванд.
Солҳои қабл ҳаққи заҳмати кормандони кироя барои чидани як кило пахта 70 дирам муқаррар шуда буд. Аз ин ҳисоб 20 дирамро андоз нигоҳ дошт ва 50 дирам ба дасти пахтачин мерасид.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, соли ҷорӣ ҳаққи кормандони кироя барои чидани як кило пахта ба як сомонӣ боло бурда шуд.
Манобее аз Идораи кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар бораи баланд бардоштани ҳаққи кори пахтачинҳо Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд дастур додааст.

“Ду рӯз қабл Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят ба шаҳри Конибодом, ба хоҷагии деҳқонии “Мадина” сафар намуда, ҳамроҳ бо деҳқонҳо ва коргарони хоҷагӣ пахта чиданд. Ҳангоми ин сафари худ раис ба хоҷагидорон барои ба 1 сомонӣ расонидани ҳаққ-уз-заҳмаи чидани як кило дастур додаанд”, - гуфт манбаъ.

Як омӯзгори мактаб аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфт, соли гузашта ҳаққ-уз-заҳмаи чидани як кило панба 70 дирам буд, вале бо тавваҷҷуҳ ба пардохти андоз 50 дирам ба дасти пахтачин мерасид. "Агар ҳоло 1сомонӣ шуда, пас барои ҳар як кило пахтаи чидашуда 80 дирам ҳақ хоҳанд дод",-афзуд ҳамсуҳбатам.
Бино ба иттилои Сарраёсати кишоварзии Суғд, соли ҷорӣ дар майдони 52 ҳазору 782 гектор пунбадона кишт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 6, 2 ҳазор гектор кам мебошад.
Сабаби кам шудани майдони пахтаро масъулин ба номусоидии обу ҳаво ва таъсири тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд.
Ба далели камбуди мошин ё ба истилоҳ "киштиҳо"-и пахтачин ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои пунбапарвари Суғд умдатан дастӣ сурат мегирад ва барои чунин кор масъулони ҳукумат маъракае барпо намуда, аз нерӯи муаллимон ва дигар кормандони соҳаи буҷавӣ кор мегиранд.
Соли гузашта пахтакорони Суғд аз майдони 58, 9 ҳазор гектор 130 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда буданд. Имсол ҳам кишоварзони Суғд умедворанд, ки ба мисли соли гузашта “тиллои сафед”-и зиёд ҷамъ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0