Тавсифи Лукашенко аз Тоҷикистон ва нигаронияш аз вазъи Афғонистн

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкВыступление президента Белоруссии Александра Лукашенко
Выступление президента Белоруссии Александра Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Обуна шудан
Президенти Беларус бо таассуф қайд кард, ки вазъ дар Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ҳангоми бозгашт аз нишасти СҲШ дар Душанбе таассуроти худро аз ин сафар нақл кард.
Ӯ таассуроташро зимни суханронӣ дар форуми "Рамзи ваҳдат" дар Минск изҳор кард, ки навори он дар Telegram канали "Ҳавзаи аввал" ("Пул первого") нашр шуд.
Лукашенко гуфт, ки Тоҷикистон як кишвари ғайриоддӣ зебо аст, аммо шаҳрвандони он бояд барои ҳар як пораи замини ҳосилхез мубориза баранд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Ҳушдори Раҳмон аз ҷанги дохилии Афғонистон ва афзоиши гурезаҳо ба кишварҳои СҲШ ва СААД
Раҳбари Беларус гуфтааст, ки дар атроф ҳолати даҳшатоваре ва дар ҷануби кишвар фазои нигаронкунанда аст, зеро дар он сӯ Афғонистон дигарбора ноором аст.
Ӯ дарозои сарҳади Беларус ва Украинаро мисол оварда гуфтааст, Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр сарҳади муштарак дорад.
Сарвари Беларус афсӯс хӯрд, ки кишваре, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид ва акнун дар барқароршавист ва боз мушкилот.
Лентаи хабарҳо
0