https://sputnik.tj/20210917/hushdori-rahmon-jangi-dokhili-afghoniston-gurezaho-shsh-saad-1042344386.html
Ҳушдори Раҳмон аз ҷанги дохилии Афғонистон ва афзоиши гурезаҳо ба кишварҳои СҲШ ва СААД
Ҳушдори Раҳмон аз ҷанги дохилии Афғонистон ва афзоиши гурезаҳо ба кишварҳои СҲШ ва СААД
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай тайи як изҳорот бар масъалаи Афғонистон таваҷуҳи хос дод
2021-09-17T21:00+0500
2021-09-17T21:00+0500
2021-09-17T21:00+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
сҳш
саад
вазъ
гурезаҳо
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042296764_0:0:2998:1686_1920x0_80_0_0_39647062c9baeddfd22da8b4edee8b36.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз ҳамоиши сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай қайд кард, ки имрӯз бори аввал мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД баргузор шуд, ки ба вазъи Афғонистон бахшида шуда буд.Вай гуфт, дар ҷараёни мулоқот ҳамаи раҳбарон иброз доштанд, ки вазъи кунунии Афғонистон ба мушкилии калидӣ барои амнияти минтақаҳои СҲШ ва СААД табдил меёбад.“Мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки ин кишвар дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳанд”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.Вай қайд кард, ки дар ҷараёни мулоқот аксар ширкаткунандагон изҳор доштанд, ки сулҳ дар Афғонистон бидуни иқдомоти муассир барои ташкили ҳукумат бо барномаи васеи этникию сиёсӣ имконнопазир аст.Роҳбари Тоҷикистон афзуд: “зарур аст, ки вазъияти кунунии Афғонистон сабаби табдил ёфтани кишвар ба макони терроризми байналмилалӣ нагардад”.Ҳамзамон вай илова кард, ки дар ҷараёни мулоқот сарони алоҳидаи давлатҳо ба зарурати расонидани кумаки техникӣ ба кишварҳои мустақиман бо Афғонистон ҳамсарҳад таъкид карданд.Дар хотимаи изҳороташ раисҷумҳури Тоҷикистон иброз доштааст, ки мулоқоти таърихии имрӯза дар сиғаи СҲШ ва СААД ҳамбастагии кишварҳоро бо мардуми ҷафодидаи Афғонистон нишон додааст.
https://sputnik.tj/20210917/az-siyosat-to-iqtisod-hisoboti-emomali-rahmon-rasonaho-1042343515.html
https://sputnik.tj/20210917/norozigii-rahmon-hukumati-tolibon-khilofi-vadah-1042343368.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042296764_189:0:2920:2048_1920x0_80_0_0_c55269b65902c3e20224be92bb90b0a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, эмомалӣ раҳмон, ҳудор, сҳш, саад
тоҷикистон, афғонистон, эмомалӣ раҳмон, ҳудор, сҳш, саад
Ҳушдори Раҳмон аз ҷанги дохилии Афғонистон ва афзоиши гурезаҳо ба кишварҳои СҲШ ва СААД
Раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай тайи як изҳорот бар масъалаи Афғонистон таваҷуҳи хос дод
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз ҳамоиши сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай қайд кард, ки имрӯз бори аввал мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД баргузор шуд, ки ба вазъи Афғонистон бахшида шуда буд.
Вай гуфт, дар ҷараёни мулоқот ҳамаи раҳбарон иброз доштанд, ки вазъи кунунии Афғонистон ба мушкилии калидӣ барои амнияти минтақаҳои СҲШ ва СААД табдил меёбад.
“Мо бо изтироби зиёд изҳор кардем, ки ин кишвар дар остонаи фалокати башардӯстона қарор дорад. Дар ин бора, пеш аз ҳама, маълумоти СММ шаҳодат медиҳанд”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай қайд кард, ки дар ҷараёни мулоқот аксар ширкаткунандагон изҳор доштанд, ки сулҳ дар Афғонистон бидуни иқдомоти муассир барои ташкили ҳукумат бо барномаи васеи этникию сиёсӣ имконнопазир аст.
“Сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД зикр карданд, ки режими сиёсии Афғонистон бояд ба ифодаи озодонаи иродаи мардуми афғон такя кунад. Агар муколамаи васеи байни афғонҳо таъмин нашавад, мо метавонем шоҳиди идомаи ҷанги шаҳрвандӣ, нақзи ҳуқуқи башар дар ҳама самтҳо, таҳдиди ба таври оммавӣ рафтани гурезаҳо ба ҳама давлатҳо, аз ҷумла СҲШ ва СААД бошем”
Роҳбари Тоҷикистон афзуд: “зарур аст, ки вазъияти кунунии Афғонистон сабаби табдил ёфтани кишвар ба макони терроризми байналмилалӣ нагардад”.
Ҳамзамон вай илова кард, ки дар ҷараёни мулоқот сарони алоҳидаи давлатҳо ба зарурати расонидани кумаки техникӣ ба кишварҳои мустақиман бо Афғонистон ҳамсарҳад таъкид карданд.
“Мо ҳама розӣ шудем, ки саъю кӯшишҳо бояд ба он равона карда шаванд, ки барномаи манфии рушди ҳодисаҳо дар ин кишвар пешгирӣ карда шавад”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Дар хотимаи изҳороташ раисҷумҳури Тоҷикистон иброз доштааст, ки мулоқоти таърихии имрӯза дар сиғаи СҲШ ва СААД ҳамбастагии кишварҳоро бо мардуми ҷафодидаи Афғонистон нишон додааст.