Раҳмон сафари раисҷумҳури Эронро ба Тоҷикистон оғози марҳалаи нави равобити кишварҳо хонд

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТЭмомали Рахмон президент РТ и Сайид Иброхим Раиси, президент Ирана
Эмомали Рахмон президент РТ и Сайид Иброхим Раиси, президент Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон пас аз мулоқот бо раисҷумҳури Эрон ва имзои 8 созишномаи нави ҳамкорӣ бо ин кишвар гуфт, ки Тоҷикистон ҳамеша хоҳони густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Эрон аст
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон сафари Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эронро ба ҷумҳурӣ оғози марҳалаи нав дар муносибатҳо миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон баъд музокироту имзои санадҳои нав зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки мо дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум мулоқоту музокироти сермаҳсулро анҷом додем.
“Зимни суҳбат мо масъалаҳои асосии муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро баррасӣ намудем. Итминон дорем, ки бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ, ки имрӯз ба имзо расиданд, барои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар заминаи боз ҳам мусоид фароҳам меоваранд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ҳамчунин, вай илова кардд, ки мардумони ду кишвар дорои арзишҳои муштарак ва безаволи таърихӣ, маънавию фарҳангӣ мебошанд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сайид Иброҳим Раисӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Мулоқоти сарони Тоҷикистону Эрон: Раҳмону Раисӣ чиро баррасӣ карданд?
“Изҳори итминон намудем, ки ин муштаракот заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд мебошанд”, - афзуд ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон аз тақвияти муколамаи созандаи сиёсии байни ду давлат дар сатҳҳои мухталиф ва тавсеаи минбаъдаи онҳо, ки дар раванди ташаккули фазои ҳусни тафоҳум ва эҷоди эътимод нақши муҳим доранд, изҳор доштааст.
“Мо хоҳони густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ҳастем ва зарурати талошҳои бештари сохторҳои соҳавиро ҷиҳати беҳбуди муомилоти тиҷоратии дуҷониба таъкид намудем”, - зикр кард роҳбари Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки зимни мулоқот густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ миёни Тоҷикистону Эронро амри табиӣ донистем.
“Ҳамчунин ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва қарордодиро барои рушди сайёҳӣ зарур шуморидем. Ҳамчунин, андешидани чораҳои заруриро барои беҳбуди хатсайрҳои ҳавоии мустақиму мунтазам ва низоми сафар байни ду кишвар тақозои замон донистем”, - гуфт сарвари Тоҷикистон.
Эмомлӣ Раҳмон махсусан қайд кард, ки Тоҷикистону Эрон бо дарназардошти вазъи ҳассоси имрӯза, муҳим будани ҳамкориҳоро дар соҳаи амният таъкид намудем.
Эмомали Рахмон и Сайид Иброхими Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Эрону Тоҷикистон 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонданд
Зимни мулоқот роҳбари ду давлат аз ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Эрон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз аз оғози раванди пайвастани Эрон ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай истиқбол намуд.
“Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои муштараки ду кишвар дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай ба дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат хоҳад кард”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0