Мақомоти Хатлон гуфт, дар рӯзи Истиқлол чанд кӯдак дар вилоят таваллуд шудааст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонк Младенцы , новорожденные.
 Младенцы , новорожденные. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон ахиран хабар додааст, ки дар Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ 473 нафар кӯдаки навзод таваллуд шудааст
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таваллуди 473 нафар кӯдаки навзод ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Таъкид шудааст, ки бештари кӯдакони навзод дар таваллудхонаи беморхонаи клиники вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ва ноҳияи Ёвон ба дунё омадаанд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз, тибқи иттилои Майдагул Шарипова, муовини сардухтур оид ба сиҳатии модар, дар таваллудхонаи вилоятӣ рӯзи 9 сентябр 13 нафар таваллуд шудааст, ки 7 писару 6 духтар мебошад.
Дар таваллудхонаи шаҳри Бохтар бошад, дар рӯзи Истиқлол 8 нафар кӯдак ба дунё омад, ки 7 нафараш писар ва 1 нафар дутар мебошад.
Новорожденный ребенок. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Фавти кӯдак каму модар зиёд шуд: Вазорат мегӯяд, таваллуди 316 маъюб пешгирӣ гардид
Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои вазорати адлияи Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳури таваллуди рекордӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар кишвар 104 737 кӯдак таваллуд шудааст.
Бояд гуфт, ки соли гузашта дар тӯли шаш моҳ 101 141 кӯдак таваллуд шуда буд.
Ҳамзамон ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки дар кишвар шумори марг коҳиш ёфтааст.
Дар давоми шаш моҳи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 17 272 марг ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2020 ин нишондиҳанда 18 777 нафрарро ташкил медод.
Тибқи омори СММ, аҳолии Тоҷикистон низ то соли 2050 ба беш аз 5 миллион нафар афзуда, зиёда аз 14,5 миллион нафарро ташкил хоҳад дод.
Демографическая обстановка в Таджикистане в первом полугодии 2021-го - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Марг каму зоиш зиёд: афзоиши аҳолии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон
Тибқи дурнамои СММ то соли 2100 аҳолии ҷумҳурӣ 2,5 баробар зиёд шуда ба беш аз 25 миллион мерасад.
Дар ҳамин ҳол то соли 2030 аҳолии Тоҷикистон ба 12 миллион нафар ва дар соли 2040 ба 14 миллион нафар хоҳад расид.
Таъкид шудааст, ки аҳолии Тоҷикистон дар соли 2100 ба ҳисоби миёна метавонад ҳадди ақал 15 миллион ва ҳадди аксар то 45 миллион нафарро ташкил диҳад.
СММ илова намудааст, ки омори Тоҷикистон тибқи модули Байесовский таҳия гардидааст, ки асоси онро қазияи Байес ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0