Фавти кӯдак каму модар зиёд шуд: Вазорат мегӯяд, таваллуди 316 маъюб пешгирӣ гардид

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкНоворожденный ребенок.
Новорожденный ребенок. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Обуна шудан
Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки дар ҷумҳурӣ фавти кӯдакон каму модарон афзоиш ёфтааст. Ӯ афзуд, ки тайи нимсола таваллуди 316 кӯдаки маъюб пешгирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи шаш моҳ дар ҷумҳурӣ 102 ҳазору 366 ҳолати зиндатаваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳазору 388 адад кам мебошад.
Ғафур Муҳсинзода 26 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дод, ки давоми шаш моҳ нишондоди фавти кӯдакони то яксола ба 14,9 нафар дар нисбати 1 ҳазор зиндатаваллуд рост омад. Фавти кӯдакони то панҷсола ба 18,2 нафар аз 1000 зиндатаваллуд рост омад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 камтар мебошад, афзуд муовини аввали вазири тандурустӣ.
Хирурги на операции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Аз пайвандсозии гурда то буғуму ҷигар: шарҳи дастрасӣ ба ҷарроҳиҳои мушкил дар Тоҷикистон
Ба иттилои ӯ, нишондоди фавти модарон дар давраи ҳисоботӣ ба 27,4 нафар нисбати 100 ҳазор зиндатаваллуд рост меояд, ки нисбати шашмоҳаи соли гузашта зиёд мебошад. Ин нишондод соли қабл ба 25,1 фавт нисбати сад ҳазор зиндатаваллуд баробар будааст.
Манбаъ илова намуд, ки дар шаш моҳи соли равон 118 ҳазор нафар ҳомиладорон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин сабти саривақтӣ – яъне то ҳафтаи 12-уми ҳомиладорӣ баробар ба 108 ҳазор нафар ё 92 дарсад мебошад.
Инчунин давоми шаш моҳ 69 ҳазор зан аз ташхиси фаросавтӣ гузаронда шуда, дар 598 ҳолат иллатҳои модарзодӣ муайян гардидаанд. Муҳсинзода изҳор дошт, ки дар ин муддат таваллуди 316 нафар кӯдаки маъюб пешгирӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0