Президенти Эрон гунаҳкори вазъи имрӯзаи Афғонистонро гуфт

© REUTERS \ SAEED ALI ACHAKZAIЛюди ждут у пункта пропуска в пакистано-афганском пограничном городе Чаман
Люди ждут у пункта пропуска  в пакистано-афганском пограничном городе Чаман - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Обуна шудан
Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе вазъи мураккаби Афғонистонро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 17 сен – Sputnik. Раисҷумҳури Эрон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро масъули ташаннуҷи вазъ дар Афғонистон медонад.
Ба гуфтаи Раисӣ, масъулияти вазъияти эҷодшуда дар Афғонистон куллан ба уҳдаи ИМА ва ҳамкоронаш аст. Ӯ дар хитоб ба иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуд, ки бояд мусоидат кард, то мардуми Афғонистон бар мушкилоташон пирӯз гарданд.
Президенти Эрон гуфт, ки ҳамаи ақвоми муқими Афғонистон бояд дар ҳокимияти ояндаи кишвар иштирок кунанд.
Вай бо зикри хатари терроризм дар ҷаҳони мусоир илова намуд, ки муборизаи намоишии ИМА дар Ироқу Афғонистон вазъро мураккабтар сохт. Ӯ инчунин ИМА-ро омили нооромиҳо дар Сурия номид.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Путин гуфт, кӣ бояд Афғонистонро барқарор кунад
Раисӣ изҳори итминон кард, ки султагароӣ ва якаҷонибагароӣ боиси эҷоди таҳдидҳо ба амнияти ҷаҳон шудаанд. Ба гуфтаи раисиҷумҳур, ин навъи бархӯрд рӯ ба таназзул овардааст.
Вай бо таъкиди он ки дахолати хориҷӣ дар Афғонистон ба бесуботӣ дар ин кишвар доман мезанад, илова намуд, ки бояд мусоидат кард, то халқи ин кишвар бар мушкилот пирӯз гарданд.
Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Ғарб аз Афғонистон "Толибон"* қудрат дар Афғонистонро ғасб карда, аз ташкили аморати ба ном исломӣ хабар доданд. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд эълон кард, ки мубориза барои озодӣ, ташкили як давлати муътадили исломӣ бо риояи ҳуқуқи тамоми ақшору ақвоми ҷомеаро идома хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0