https://sputnik.tj/20210917/eron-tojikiston-hamkori-1042327193.html
Эълони фасли ҷадиди ҳамкориҳои Душанбе ва Теҳрон
Эълони фасли ҷадиди ҳамкориҳои Душанбе ва Теҳрон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Эрон аз аҳамияти сафари нахустини хориҷияш ба Тоҷикистон гуфтааст 17.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-17T12:22+0500
2021-09-17T12:22+0500
2021-09-17T12:54+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/14/1040324094_0:79:533:379_1920x0_80_0_0_5dc9b8b39c654627dc726b85a6e56d5d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен – Sputnik. Президенти тозаинтихоби Эрон мегӯяд, бо Тоҷикистон фасли нави ҳамкориҳоро оғоз хоҳанд кард.Иброҳими Раисӣ мегӯяд, ин сафар шуруи фасли ҷадид дар муносиботи ду кишвар аст.Ӯ гуфтааст, ки пас аз нишасти Шонгҳой бо Тоҷикистон музокироти дуҷониба дар сатҳҳои гуногун анҷом хоҳанд дод, ки дар зимни он имзои чанд созишномаву қарордод дар назар аст.Ҳамзамон президенти Эрон иҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамкорияш бо кишварҳои Осиё афзоиш хоҳад ёфт.Эрон то кунун дар СҲШ ба ҳайси нозир ширкат мекунад ва дар нишасти ин созмон, ки дар Тоҷикистон идома дорад, дар назар аст, ба ҳайси узви комилҳуқуқ пазируфта шавад.Дар Эрон бар ин умеданд, ки вуруди Теҳрон ба СҲШ таҳримҳоро алайҳи ин кишвар сабуктар хоҳад кард.Ёдрас мешавем, ки муносиботи Тоҷикистон ва Эрон дар давраи президентии Аҳмадинажод дар сатҳи болое қарор дошт, ки бузургтарин тарҳҳо - нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар ҳамон замон роҳандозӣ гашта буданд. Аммо пас аз соли 2015, дар даврони раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ робитаҳои ду кишвар сард гашт.Ҳоло ба назар мерасад, мақомоти ҳар ду кишвар барои барқарории равобити қаблии Душанбе ва Теҳрон талош доранд.
https://sputnik.tj/20210604/rahimzoda-imzoi-sozishnoma-hamkori-eron-robitaho-1039976381.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/14/1040324094_0:29:533:429_1920x0_80_0_0_c3c8ab123de058bf5228d59b27010767.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , эрон
дар тоҷикистон, сиёсат , эрон
Эълони фасли ҷадиди ҳамкориҳои Душанбе ва Теҳрон
12:22 17.09.2021 (Навсозишуда: 12:54 17.09.2021) Раисҷумҳури Эрон аз аҳамияти сафари нахустини хориҷияш ба Тоҷикистон гуфтааст
ДУШАНБЕ, 17 сен – Sputnik. Президенти тозаинтихоби Эрон мегӯяд, бо Тоҷикистон фасли нави ҳамкориҳоро оғоз хоҳанд кард.
Иброҳими Раисӣ мегӯяд, ин сафар шуруи фасли ҷадид дар муносиботи ду кишвар аст.
"Мо бо Тоҷикистон иртиботи иқтисодию сиёсӣ доштему дорем ва ҳамчунин ин раванд дучори як вақфае шуд, ки мо бо ин сафар як фасли ҷадидро дар равобит бо Тоҷикистон рақам хоҳем зад",- гуфтааст Раисӣ дар суҳбат бо хабарнигорони эронӣ
Ӯ гуфтааст, ки пас аз нишасти Шонгҳой бо Тоҷикистон музокироти дуҷониба дар сатҳҳои гуногун анҷом хоҳанд дод, ки дар зимни он имзои чанд созишномаву қарордод дар назар аст.
Ҳамзамон президенти Эрон иҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамкорияш бо кишварҳои Осиё афзоиш хоҳад ёфт.
Эрон то кунун дар СҲШ ба ҳайси нозир ширкат мекунад ва дар нишасти ин созмон, ки дар Тоҷикистон идома дорад, дар назар аст, ба ҳайси узви комилҳуқуқ пазируфта шавад.
Дар Эрон бар ин умеданд, ки вуруди Теҳрон ба СҲШ таҳримҳоро алайҳи ин кишвар сабуктар хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки муносиботи Тоҷикистон ва Эрон дар давраи президентии Аҳмадинажод дар сатҳи болое қарор дошт, ки бузургтарин тарҳҳо - нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар ҳамон замон роҳандозӣ гашта буданд. Аммо пас аз соли 2015, дар даврони раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ робитаҳои ду кишвар сард гашт.
Ҳоло ба назар мерасад, мақомоти ҳар ду кишвар барои барқарории равобити қаблии Душанбе ва Теҳрон талош доранд.