Раҳимзода: имзои созишномаи ҳамкорӣ бо Эрон, пояе барои мустаҳкамии робитаҳост

© МВД РТМинистр внутренних дел РТ Рахимзода Рамазон посетил Выставку военной техники Исламской Республики Иран, а также вооружения и тяжелой военной техники
Министр внутренних дел РТ Рахимзода Рамазон посетил Выставку военной техники Исламской Республики Иран, а также вооружения и тяжелой военной техники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Обуна шудан
Миёни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Эрон санади ҳамкорӣ имзо шудааст
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Тибқи иттилои хабаргузории Irna Душанбеву Теҳрон роҷеъ ба мубориза бо ҷиноятҳои cозмонёфта, ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, омузиши пулис, табодули устодон ва донишҷӯён ва ҳамчунин масъалаи сармоягузорӣ, тавофуқ кардаанд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ин санади ҳамкорӣ рӯзи 2-юми июн аз сӯи Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Раҳмонии Фазлӣ, ҳамтои эрониаш дар Теҳрон имзо шуд.
Ба иттилои расонаҳои эронӣ Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода пас аз имзои ин тафоҳумнома, ки дар маҳали Вазорати корҳои дохилии Эрон баргузор шуд, онро "таърихӣ" номид ва гуфт, дар арсаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил, ба тавофуқҳои хубе расидем.
Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2021
Раҳимзода: Тоҷикистон дар талоши густариши ҳарчӣ бештари равобит бо Эрон аст
Ҳамзамон Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон илова кардааст, ки санаде, ки имруз имзо шуд, ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон дар ҳамаи арсаҳо тақвият хоҳанд ёфт.
Вай афзуд, ки созишномаи ҳамкорӣ, пояе барои мустаҳкам шудани робитаҳои ду кишвар дар оянда хоҳад шуд.
Бояд гуфт ки то ҳол ҷузъиёти ин тафоҳумнома ба таври расмӣ эълон нашудааст.
Ҳамзамон Раҳмонии Фазлӣ, вазири корҳои дохилии Эрон ин санади ҳамкориро ҳосили заҳмату талошҳо ва гуфтугӯҳои чандмоҳаи ҷонибҳо донистааст.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва вазири кишвари Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Таъмини амният: Рамазон Раҳимзода бо Раҳмонии Фазлӣ чиро баррасӣ кард?
Ӯ пас аз ин имзои ин санади ҳамкорӣ бо ишора ба инки "тавофуқи хубе" миёни ду кишвар ба имзо расид, гуфт, "қатъан ин тавофуқҳо дар густариши равобит ва муносибатҳо дар арсаҳои амниятӣ, интизомӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва тиҷорат муассир воқеъ хоҳад шуд".
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам иттилоъ дод, ки Рамазон Раҳимзода дар Теҳрон ҳамчунин бо сардори Маркази пулиси Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳусейн Аштарӣ мулоқот кардааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот пешниҳод шудааст, ки намояндагиҳои пулиси Эрон дар Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон дар Эрон боз шавад.
Ёдрас мешавем, ки Рамазон Раҳимзода рӯзи 31-уми май дар раъси як ҳайат ба Эрон рафта буд.
Лентаи хабарҳо
0