https://sputnik.tj/20210916/zas-tolibon-afghoniston-vazi-osiyoi-markazi-1042298530.html
Зас: Сари қудрат омадани "Толибон"* дар Афғонистон ба вазъи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад
Зас: Сари қудрат омадани "Толибон"* дар Афғонистон ба вазъи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СААД зимни суханронии худ гуфт, вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО ба куллӣ тағйир ёфт
2021-09-16T14:10+0500
2021-09-16T14:10+0500
2021-09-16T19:19+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042291682_0:0:3047:1714_1920x0_80_0_0_9666347ce68e0893f349b0ff6c4f6414.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Сарони кишварҳои узви СААД дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ба вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карданд, гуфт дабири кулли СААД Станислав Зас. Сардори СААД таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки вазъ дар ҷумҳурӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва контингенти низомии НАТО ба куллӣ тағйир ёфт. Вай ёдовар шуд, ки Тоҷикистон тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад, ки дар бисёр бахшҳо дар минтақаҳои баландкӯҳи дастнорас мегузарад. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамчунин аз машқҳои нави густарда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дод. Аз ҷумла, машқҳои "Ҷустуҷӯ", "Эшелон", "Ҳамкорӣ" ва "Кобалт" ба нақша гирифта шудаанд.Зас афзуд, ки дар робита ба вазъ дар Афғонистон, иштироккунандагони ҷаласаи Шӯрои СААД нақшаи амалиёти мустақими нерӯҳои дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказиро аниқ карданд. Ҳайати контингенти низомӣ ва ташкили нирӯҳои вижа низ баррасӣ шуд.
https://sputnik.tj/20210916/zas-vurud-uzbekiston-saad-sharh-1042295211.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042291682_199:0:2928:2047_1920x0_80_0_0_6f60d616c84f5790ddd9ca4907620aad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон афғонистон зас
Зас: Сари қудрат омадани "Толибон"* дар Афғонистон ба вазъи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад
14:10 16.09.2021 (Навсозишуда: 19:19 16.09.2021) Дабири кулли СААД зимни суханронии худ гуфт, вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НАТО ба куллӣ тағйир ёфт
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Сарони кишварҳои узви СААД дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ба вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карданд, гуфт дабири кулли СААД Станислав Зас.
Сардори СААД таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки вазъ дар ҷумҳурӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва контингенти низомии НАТО ба куллӣ тағйир ёфт.
"Ҳамлаи ҳаракати радикалии "Толибон" ( мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) таҳти назорати он гузаштани қариб тамоми қаламрави Афғонистон, аз ҷумла сарҳадҳои давлатӣ ва пойтахт, инчунин тағйири қудрат дар кишвар ба вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад ", - таъкид кард Зас.
Вай ёдовар шуд, ки Тоҷикистон тӯлонитарин марз бо Афғонистонро дорад, ки дар бисёр бахшҳо дар минтақаҳои баландкӯҳи дастнорас мегузарад.
Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамчунин аз машқҳои нави густарда дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дод. Аз ҷумла, машқҳои "Ҷустуҷӯ", "Эшелон", "Ҳамкорӣ" ва "Кобалт" ба нақша гирифта шудаанд.
Зас афзуд, ки дар робита ба вазъ дар Афғонистон, иштироккунандагони ҷаласаи Шӯрои СААД нақшаи амалиёти мустақими нерӯҳои дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказиро аниқ карданд. Ҳайати контингенти низомӣ ва ташкили нирӯҳои вижа низ баррасӣ шуд.