https://sputnik.tj/20210916/zas-vurud-uzbekiston-saad-sharh-1042295211.html
Зас вуруди Ӯзбекистон ба СААД-ро баррасӣ кард
Зас вуруди Ӯзбекистон ба СААД-ро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СААД Станислав Зас имкони шомилшавии Узбакистон ба СПАД -ро арзёбӣ кард
2021-09-16T12:57+0500
2021-09-16T12:57+0500
2021-09-16T17:43+0500
ӯзбекистон
саад
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042294514_0:0:3037:1708_1920x0_80_0_0_6920a9dd00b17dba4e2f32006d30b025.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. "Ӯзбекистон феълан узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ нест",-гуфт дабири кулли СААД Станислав Зас дар зимни нишасти Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ.Қаблан Андрей Грозин, корманди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, мудири бахши Осиёи Марказӣ ва Қазоқистони Институти кишварҳои ИДМ гуфта буд, ки Тошканд ба СААД бармегардад, агар эҳсос кунад, ки бо таҳдиди ҷиддие аз Афғонистон рӯ ба рӯ шудааст.Грозин ёдовар шуд, ки Ӯзбекистон аллакай узвияти худро дар СААД ду бор қатъ кардааст."Расман Ӯзбекистон СААД-ро тарк накард, бори охир узвияти худро дар замони раёсатҷумҳурии президенти аввал (Ислом Каримов - таҳрир)-и ин кишвар қатъ кард, ки даврони ӯ сиёсати ин кишвар мушаххас набуд", - гуфт таҳлилгар.Ӯзбекистон дар СААДМиёнаҳои соли 1992 Ӯзбекистон ҳамроҳ бо Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Тошканд Созишномаи амнияти дастаҷамъиро имзо карданд, ки аз апрели соли 1994 эътибор пайдо кард. Созишнома барои 5 сол бо имкони тамдид имзо карда шуд. Соли 1999 Ӯзбекистон аз имзои дубораи ин санад даст кашид. Қарор дар бораи пайвастани пурраи Ӯзбекистон ба СААД моҳи августи соли 2006 қабул шуд, аммо соли 2012 Тошканд дар бораи қатъи узвияти Ӯзбекистон дар ин созмон дархост дод.
https://sputnik.tj/20210723/grozin-uzbekiston-vazi-afghoniston-spad-1041136953.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042294514_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_a27333586cd29434ded3c8aed16d5b84.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зас, вуруд, ӯзбекистон, саад, шарҳ
зас, вуруд, ӯзбекистон, саад, шарҳ
Зас вуруди Ӯзбекистон ба СААД-ро баррасӣ кард
12:57 16.09.2021 (Навсозишуда: 17:43 16.09.2021) Дабири кулли СААД Станислав Зас имкони вуруди Узбакистон ба СААД-ро арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. "Ӯзбекистон феълан узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ нест",-гуфт дабири кулли СААД Станислав Зас дар зимни нишасти Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ.
Қаблан Андрей Грозин, корманди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия, мудири бахши Осиёи Марказӣ ва Қазоқистони Институти кишварҳои ИДМ гуфта буд, ки Тошканд ба СААД бармегардад, агар эҳсос кунад, ки бо таҳдиди ҷиддие аз Афғонистон рӯ ба рӯ шудааст.
Грозин ёдовар шуд, ки Ӯзбекистон аллакай узвияти худро дар СААД ду бор қатъ кардааст.
"Расман Ӯзбекистон СААД-ро тарк накард, бори охир узвияти худро дар замони раёсатҷумҳурии президенти аввал (Ислом Каримов - таҳрир)-и ин кишвар қатъ кард, ки даврони ӯ сиёсати ин кишвар мушаххас набуд", - гуфт таҳлилгар.
Миёнаҳои соли 1992 Ӯзбекистон ҳамроҳ бо Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Тошканд Созишномаи амнияти дастаҷамъиро имзо карданд, ки аз апрели соли 1994 эътибор пайдо кард.
Созишнома барои 5 сол бо имкони тамдид имзо карда шуд. Соли 1999 Ӯзбекистон аз имзои дубораи ин санад даст кашид.
Қарор дар бораи пайвастани пурраи Ӯзбекистон ба СААД моҳи августи соли 2006 қабул шуд, аммо соли 2012 Тошканд дар бораи қатъи узвияти Ӯзбекистон дар ин созмон дархост дод.