https://sputnik.tj/20210916/zakharova-gharb-rusiya-halli-fojeai-afghoniston-1042318690.html
Захарова: Ғарб бидуни Русия дар ҳалли фоҷеаи Афғонистон дасткӯтоҳ аст
Захарова: Ғарб бидуни Русия дар ҳалли фоҷеаи Афғонистон дасткӯтоҳ аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Русия вазъи феълии Афғонистонро як фалокати бузург номид
2021-09-16T20:00+0500
2021-09-16T20:00+0500
2021-09-16T20:00+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
кӯмак
мария захарова
ғарб
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040142664_0:75:3088:1812_1920x0_80_0_0_008df0b5ccd0fa4729f2ff3d06cfab41.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия дар суҳбат бо Шабакаи аввали телеизионӣ гуфт, ки Ғарб бидуни кумаки Русия наметавонад ба ҳалли фоҷеаи Афғонистон расидагӣ кунад.Вазъи низомию сиёсии Афғонистон дар моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар шиддат гирифт. Хусусан задухӯрди шадид миёни артиши Афғонистон ва ҷангҷӯён “Толибон” (гурӯҳи маманӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт.Дар миёнаҳои моҳи август, пас аз ишғоли шаҳри Кобул аз сӯи ҷангҷӯёни “Толибон”, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон истеъфо ва кишварро тарк кард.Ду ҳафтаи охирини моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, хориҷи шаҳрвандони ғарб ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ тариқи фурудгоҳи Кобул комилан Афғонистонро тарк карданд ва ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар ин кишвар анҷом ёфт.Дар авоили моҳи сентябр “Толибон” эълон карданд, ки бо ҷангҳо охирин вилояти Афғонистон Панҷшер таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст.
https://sputnik.tj/20210916/jabham-milli-ikoshim-tasarrufi-tolibon-ozod-1042315860.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040142664_359:0:3088:2047_1920x0_80_0_0_9fcbf52882f162eee3cd20f24c38fe3d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, афғонистон, ғарб, бидуни кумак, фалокати
русия, афғонистон, ғарб, бидуни кумак, фалокати
Захарова: Ғарб бидуни Русия дар ҳалли фоҷеаи Афғонистон дасткӯтоҳ аст
Вазорати умури хориҷии Русия вазъи феълии Афғонистонро як фалокати бузург номид
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия дар суҳбат бо Шабакаи аввали телеизионӣ гуфт, ки Ғарб бидуни кумаки Русия наметавонад ба ҳалли фоҷеаи Афғонистон расидагӣ кунад.
“Онҳо дарк мекунанд, ки бидуни Русия бо ин фоҷеаи азим наметавон коре кард. Ин мушкил нест балки фоҷеаи густарда аст, ки дар ҷиҳати ҳаллӣ он коре карда наметавонанд”, - таъкид кард Захарова.
Вазъи низомию сиёсии Афғонистон дар моҳи июн дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар шиддат гирифт. Хусусан задухӯрди шадид миёни артиши Афғонистон ва ҷангҷӯён “Толибон” (гурӯҳи маманӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Эрон сурат гирифт.
Дар миёнаҳои моҳи август, пас аз ишғоли шаҳри Кобул аз сӯи ҷангҷӯёни “Толибон”, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон истеъфо ва кишварро тарк кард.
Ду ҳафтаи охирини моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, хориҷи шаҳрвандони ғарб ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ тариқи фурудгоҳи Кобул комилан Афғонистонро тарк карданд ва ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар ин кишвар анҷом ёфт.
Дар авоили моҳи сентябр “Толибон” эълон карданд, ки бо ҷангҳо охирин вилояти Афғонистон Панҷшер таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст.