https://sputnik.tj/20210916/vkd-juziyot-barkhurd-avtomashina-roh-varzob-1042293954.html
Тормози "Хова" хароб шуд: ВКД ҷузъиёти бархӯрди 7 мошин дар роҳи Варзобро шарҳ дод
Тормози "Хова" хароб шуд: ВКД ҷузъиёти бархӯрди 7 мошин дар роҳи Варзобро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари бархӯрди 7 автомашина дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ду нафар ҳалок шуда, 6 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд
2021-09-16T12:42+0500
2021-09-16T12:42+0500
2021-09-22T11:05+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
варзоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103011/88/1030118855_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_c8424603a504cb47539b3ce6bb60104b.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ахиран Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҷузъиёти садамаи маргбори нақлиётии 7 автомашина дар роҳи Варзобро шарҳ дод. Ҳарчанд қаблан дар мавриди бархӯрди 10 автомашина гузориш шуда буд, аммо ахиран ВУД гуфт, он ҷо ҳафт мошин ба ҳам бархӯрданд.Бинобар иттилои ин ниҳод, садама пас аз он сар зад, ки мошини боркаши тамғаи "Хова", таҳти идораи ронандаи 29 - сола, сокини ноҳияи Муъминобод нуқси техникӣ пайдо кардааст.Зимнан мошини боркаш якбора ба 7 мошини дигари дар ҳоли ҳаракат бархӯрд, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Рунес" ва мусофири 47 - солаи автомашинаи "Опел-Зефира, сокини ноҳияи Айнӣ ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.Манбаъ меафзояд, ҳамчунин 6 мусофири дигар, ки сокинони Хуҷанду Панҷакент ва Ҳисору Суғд буданд, дар бемористон бистарӣ шудаанд.Феълан тафтишоти ин ҳодиса ба анҷом нарасидааст ва ниҳодҳои марбута дар ин хусус корро идома медиҳанд.
https://sputnik.tj/20210915/navor-sadama-moshin-khujand-1042265905.html
варзоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103011/88/1030118855_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_9665f3dcccb129a3ae114ad9a4910482.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд тоҷикистон садама
Тормози "Хова" хароб шуд: ВКД ҷузъиёти бархӯрди 7 мошин дар роҳи Варзобро шарҳ дод
12:42 16.09.2021 (Навсозишуда: 11:05 22.09.2021) Бар асари бархӯрди 7 мошин дар роҳи Душанбе - Хуҷанд ду нафар ҳалок шуда, 6 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Ахиран Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҷузъиёти садамаи маргбори нақлиётии 7 автомашина дар роҳи Варзобро шарҳ дод. Ҳарчанд қаблан дар мавриди бархӯрди 10 автомашина гузориш шуда буд, аммо ахиран ВУД гуфт, он ҷо ҳафт мошин ба ҳам бархӯрданд.
Бинобар иттилои ин ниҳод, садама пас аз он сар зад, ки мошини боркаши тамғаи "Хова", таҳти идораи ронандаи 29 - сола, сокини ноҳияи Муъминобод нуқси техникӣ пайдо кардааст.
"Тормози мошин аз кор баромад", - омадааст дар хабар.
Зимнан мошини боркаш якбора ба 7 мошини дигари дар ҳоли ҳаракат бархӯрд, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Рунес" ва мусофири 47 - солаи автомашинаи "Опел-Зефира, сокини ноҳияи Айнӣ ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Манбаъ меафзояд, ҳамчунин 6 мусофири дигар, ки сокинони Хуҷанду Панҷакент ва Ҳисору Суғд буданд, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Феълан тафтишоти ин ҳодиса ба анҷом нарасидааст ва ниҳодҳои марбута дар ин хусус корро идома медиҳанд.