https://sputnik.tj/20210915/navor-sadama-moshin-khujand-1042265905.html
Кушта шудани ду нафар дар пайи бархӯрди 10 мошин дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - видео
Кушта шудани ду нафар дар пайи бархӯрди 10 мошин дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди қурбониёни садамаи маргбор дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ба ду нафар расид
2021-09-15T11:37+0500
2021-09-15T11:37+0500
2021-09-22T14:44+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
хуҷанд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_19:0:981:541_1920x0_80_0_0_af273046e24e5177812737b8c92e8b49.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Нахустин навор аз садамаи маргбори дастикам 10 мошин дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.Дар навор маълум аст, ки теъдоди зиёди мошинҳо ба ҳам бархӯрдаанд ва мардуми бисёр дар ҷойи ҳодиса ҷамъ омадаанд.Ин садама бегоҳи рӯзи 14 сентябр дар 65 километри шоҳроҳи Душанбе-Варзоб дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб садама ба қайд гирифта шуд.Аз КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки мошини боркаши тамғаи Дулан Хова, ки онро як сокини вилояти Хатлон идора мекард, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад, ки дар натиҷа бархӯрд бо 10 мошин ба амал омад.Манбаъ афзуд, ки бар асари бархӯрд як автомашинаи Тойота ба чуқурии 200-метра сарозер шуд, ки дар натиҷа як мусофири 50 - сола, сокини вилояти Суғд дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт ва панҷ мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол ёфтанд.Бар хабари дарёфтӣ, як мусофири дигар рӯзи 15 сентябр дар бемористон ба ҳалокат расид.КҲФ қайд намуд, ки феълан роҳи Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати нақлиёт боз аст.
https://sputnik.tj/20210915/sadama-margbor-nohiya-rushon-1042264218.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_139:0:860:541_1920x0_80_0_0_529e429e68faf73a1760d36d39a801b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садама душанбе хуҷанд
Кушта шудани ду нафар дар пайи бархӯрди 10 мошин дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - видео
11:37 15.09.2021 (Навсозишуда: 14:44 22.09.2021) Теъдоди қурбониёни садамаи маргбор дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ба ду нафар расид
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Нахустин навор аз садамаи маргбори дастикам 10 мошин дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Дар навор маълум аст, ки теъдоди зиёди мошинҳо ба ҳам бархӯрдаанд ва мардуми бисёр дар ҷойи ҳодиса ҷамъ омадаанд.
Ин садама бегоҳи рӯзи 14 сентябр дар 65 километри шоҳроҳи Душанбе-Варзоб дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб садама ба қайд гирифта шуд.
Аз КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки мошини боркаши тамғаи Дулан Хова, ки онро як сокини вилояти Хатлон идора мекард, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад, ки дар натиҷа бархӯрд бо 10 мошин ба амал омад.
Манбаъ афзуд, ки бар асари бархӯрд як автомашинаи Тойота ба чуқурии 200-метра сарозер шуд, ки дар натиҷа як мусофири 50 - сола, сокини вилояти Суғд дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт ва панҷ мусофири дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол ёфтанд.
Бар хабари дарёфтӣ, як мусофири дигар рӯзи 15 сентябр дар бемористон ба ҳалокат расид.
КҲФ қайд намуд, ки феълан роҳи Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати нақлиёт боз аст.