https://sputnik.tj/20210916/si-jinpin-nishast-shsh-spad-fosilavi-ishtirok-1042288394.html
Ширкати онлайнии Си Ҷинпин дар нишастҳои СҲШ ва СПАД
Ширкати онлайнии Си Ҷинпин дар нишастҳои СҲШ ва СПАД
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Чин аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кард: ин дар лаҳзаи охирин маълум шуд
2021-09-16T11:07+0500
2021-09-16T11:07+0500
2021-09-16T11:28+0500
дар тоҷикистон
сҳш
саад
си ҷинпин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032889474_0:0:2430:1367_1920x0_80_0_0_97ed4380a561712eca066953ecc84c06.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Мардумии Чин Си Ҷинпин ба таври онлайнӣ дар нишастҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) суханронӣ хоҳад кард, хабар додааст, хабаргузории "Синхуа" бо истинод ба сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунин.Сабабҳои адами ҳузури Си Ҷинпин дар ин нишастҳо зикр нашудааст.Қаблан маълум шуд, ки президенти Русия Владимир Путин низ дар нишасти сарони СҲШ ва СПАД ба Душанбе ширкат намекунад. Сабаби наомадани Путин ба Душанбе тамосаш бо як бемори коронавирус гуфта мешавад, ки пас аз ин иттифоқ ба худинзивоӣ рафтааст. Гуфта мешавад, ки раҳбарони Ҳиндустон, Муғулистон ва Дабири кулли СММ низ дар формати видеоӣ ба музокирот ҳамроҳ мешаванд.Раҳбарони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва сарвазири Арманистон дар ин нишаст ҳузуран ширкат хоҳанд кард. Интизор меравад, ки сафари президенти тозаинтихоби Эрон Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон сурат бигирад. Дар чорабиниҳо инчунин дабири кулли СПАД, роҳбарони СҲШ ва кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақаӣ иштирок мекунанд. Масъалаи асосии рӯзномаи нишастҳои сарони СҲШ ва СПАД вазъи Афғонистон аст.
https://sputnik.tj/20210914/putin-inzivo-laghv-safarash-tojikiston-1042249684.html
https://sputnik.tj/20210914/digaron-khatar-peskov-sabab-naraftani-putin-1042256318.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032889474_0:0:2430:1823_1920x0_80_0_0_5bb0152ab29f023af70300ebf635add6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
си ҷинпин, сҳш, спад,
Ширкати онлайнии Си Ҷинпин дар нишастҳои СҲШ ва СПАД
11:07 16.09.2021 (Навсозишуда: 11:28 16.09.2021) Раҳбари Чин аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кард. Дар охирин лаҳза маълум шуд, ки ӯ ба Душанбе намеояд
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Мардумии Чин Си Ҷинпин ба таври онлайнӣ дар нишастҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) суханронӣ хоҳад кард, хабар додааст, хабаргузории "Синхуа" бо истинод ба сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунин.
Сабабҳои адами ҳузури Си Ҷинпин дар ин нишастҳо зикр нашудааст.
Қаблан маълум шуд, ки президенти Русия Владимир Путин низ дар нишасти сарони СҲШ ва СПАД ба Душанбе ширкат намекунад.
Сабаби наомадани Путин ба Душанбе тамосаш бо як бемори коронавирус гуфта мешавад, ки пас аз ин иттифоқ ба худинзивоӣ рафтааст.
Гуфта мешавад, ки раҳбарони Ҳиндустон, Муғулистон ва Дабири кулли СММ низ дар формати видеоӣ ба музокирот ҳамроҳ мешаванд.
Раҳбарони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва сарвазири Арманистон дар ин нишаст ҳузуран ширкат хоҳанд кард.
Интизор меравад, ки сафари президенти тозаинтихоби Эрон Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон сурат бигирад.
Дар чорабиниҳо инчунин дабири кулли СПАД, роҳбарони СҲШ ва кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақаӣ иштирок мекунанд.
Масъалаи асосии рӯзномаи нишастҳои сарони СҲШ ва СПАД вазъи Афғонистон аст.