https://sputnik.tj/20210914/digaron-khatar-peskov-sabab-naraftani-putin-1042256318.html
Песков сабаби Душанбе нарафтани Путинро гуфт: Намехоҳад дигаронро дар хатар гузорад
Песков сабаби Душанбе нарафтани Путинро гуфт: Намехоҳад дигаронро дар хатар гузорад
Sputnik Тоҷикистон
Далели асосии қарантин ё худинзивои раисиҷумҳури Русия - доштани иртибот бо гирифторони коронавирус гуфта шуд
2021-09-14T17:20+0500
2021-09-14T17:20+0500
2021-09-14T18:11+0500
тандурустӣ
владимир путин
дмитрий песков
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035116598_0:0:3164:1781_1920x0_80_0_0_255084f4c9f478fd30a43e9c57448dbf.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки чаро Владимир Путин сафараш ба Душанберо лағв кард. Ба гуфтаи Песков, Путин намехоҳад саломатии шариконашро зери хатар гузорад. "Амалан президент нафари иртиботдошта бо шахси бемор ҳисоб мешавад ва бояд дар зимни мавзеъгирӣ масъулият дошта бошад. Набояд саломатии шарикони худ - иштирокдорони ҳамоишҳои Душанберо зери хатар гузорад", - изҳор дошт Песков. Инчунин гуфта мешавад, раисиҷумҳури Сурия Башор Асад нафари бемор набудааст, ки Путин бо ӯ иртибот доштааст. Дар ҳамин ҳол Песков афзуд, ки Владимир Путин фавран пас аз тамос бо нафароне, ки маризи коронавирус буданд, аз ташхис гузашт ва натиҷаи ташхис манфӣ баромад."Ӯ куллан сиҳҳату саломат аст", - таъкид намуд сухангӯи Путин. Феълан маълум нест, ки маризоне, ки раисҷумҳур бо онҳо иртибот доштааст, хешовандон, муҳофизони ӯ, кормандони хадамоти протоколӣ будаанд ё нафарони дигар. Қаблан иштироки Путин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД рӯзҳои 16 - 17 сентябр дар назар буд. Аммо Кремл эълон кард, ки ба далели қарантин Путин дар ҳамоишҳои Душанбе аз тариқи видеоконфронс иштирок хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210914/putin-tamos-telefon-rahmon-sabab-naomadan-sharh-1042250873.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035116598_433:0:3164:2048_1920x0_80_0_0_798fd1b3edfbd72fa5da1480befe90d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабаб, путин, душанбе, худинзивоъ, коронавирус
сабаб, путин, душанбе, худинзивоъ, коронавирус
Песков сабаби Душанбе нарафтани Путинро гуфт: Намехоҳад дигаронро дар хатар гузорад
17:20 14.09.2021 (Навсозишуда: 18:11 14.09.2021) Далели асосии қарантин ё худинзивои раисиҷумҳури Русия иртибот доштани ӯ бо гирифторони коронавирус эълон шуд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки чаро Владимир Путин сафараш ба Душанберо лағв кард.
Ба гуфтаи Песков, Путин намехоҳад саломатии шариконашро зери хатар гузорад.
"Амалан президент нафари иртиботдошта бо шахси бемор ҳисоб мешавад ва бояд дар зимни мавзеъгирӣ масъулият дошта бошад. Набояд саломатии шарикони худ - иштирокдорони ҳамоишҳои Душанберо зери хатар гузорад", - изҳор дошт Песков.
Инчунин гуфта мешавад, раисиҷумҳури Сурия Башор Асад нафари бемор набудааст, ки Путин бо ӯ иртибот доштааст.
Дар ҳамин ҳол Песков афзуд, ки Владимир Путин фавран пас аз тамос бо нафароне, ки маризи коронавирус буданд, аз ташхис гузашт ва натиҷаи ташхис манфӣ баромад.
"Ӯ куллан сиҳҳату саломат аст", - таъкид намуд сухангӯи Путин.
Феълан маълум нест, ки маризоне, ки раисҷумҳур бо онҳо иртибот доштааст, хешовандон, муҳофизони ӯ, кормандони хадамоти протоколӣ будаанд ё нафарони дигар.
Қаблан иштироки Путин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД рӯзҳои 16 - 17 сентябр дар назар буд. Аммо Кремл эълон кард, ки ба далели қарантин Путин дар ҳамоишҳои Душанбе аз тариқи видеоконфронс иштирок хоҳад кард.