СААД истифода аз терроризм барои ҳадафҳои шахсиро маҳкум кард

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаСтраны участники заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Страны участники заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Обуна шудан
Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) эъломияеро нашр кард, ки истифода аз террористон барои амалӣ намудани ҳадафҳои хусусиро маҳкум мекунад
ДУШАНБЕ, 16 сен - Sputnik. СААД истифода аз террористон барои расидан ба ҳадафҳои хусусиро маҳкум мекунад, гуфта шудааст дар эъломия Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмон.
Дар ин санад гуфта мешавад, ки чунин амалҳо қобили қабул нестанд.

"Аъзои СААД терроризм ва экстремизмро дар ҳама шакл ва зуҳуроти худ шадидан маҳкум мекунанд ва истифодаи созмонҳои террористӣ ва ифротгароиро ба унвони василаи амалисозии манфиатҳои сиёсиву геополитикии худ қобили қабул намедонанд", - гуфта мешавад дар эъломия.

Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамчунин бар зарурати муқовимат ба таҳдидҳои терроризм ва ифротгароӣ таъкид карда, ба аҳамияти ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ва нақши ҳамоҳангсози СММ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Раҳмон: Афғонистон ба маркази парвариши терроризм табдил меёбад
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 15 ва 16 сентябр дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои СААД баргузор шуд.
Дар ин ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурҳои Тоҷикистон, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, Беларус Александр Лукашенко, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва дабири кулли СААД Станислав Зас ҳузур доштанд.
Роҳбари Русия Владимир Путин дар ин нишаст дар шакли маҷозӣ ширкат кард.
Лентаи хабарҳо
0