https://sputnik.tj/20210916/rahmon-afghoniston-makon-terroriston-tabdil-1042309952.html
Раҳмон: Афғонистон ба маркази парвариши терроризм табдил меёбад
Раҳмон: Афғонистон ба маркази парвариши терроризм табдил меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, вазъияти фалокатовар дар Афғонистон мустақиман ба минтақаи амнияти дастаҷамъии осиёи Марказӣ таъсир мерасонад 16.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-16T17:22+0500
2021-09-16T17:22+0500
2021-09-16T18:20+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
саад
саммит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042304837_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_720d677dd56e9967c59569c40da5c224.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Раисиҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳушдор дод, ки баъди як -ду сол дар Афғонистон идеологияи ифротгароӣ афзоиш меёбад.Вай таъкид кард, ки ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон гуногунии сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ, баробарии гендериро ба назар намегирад.Дар идома ӯ зикр намуд, ки давоми ду-се соли оянда идеологияи ифротӣ дар Афғонистон шадидтар мешавад ва эҳтимоли густариши ин ақидаҳои харобкорона дар минтақаҳои ҳамсоя афзоиш меёбад.Раҳмон таъкид кард, ки имрӯз Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад. Сарвари Тоҷикистон афзуд, ки вазъи кунунӣ на танҳо мушкили мардуми Афғонистон, балки тамоми минтақа аст.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042304837_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_6fb78008700ae57257719be0963628f6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, афғонистон, саад, саммит
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, афғонистон, саад, саммит
Раҳмон: Афғонистон ба маркази парвариши терроризм табдил меёбад
17:22 16.09.2021 (Навсозишуда: 18:20 16.09.2021) Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, вазъияти фалокатовар дар Афғонистон мустақиман ба минтақаи амнияти дастаҷамъии осиёи Марказӣ таъсир мерасонад
ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Раисиҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳушдор дод, ки баъди як -ду сол дар Афғонистон идеологияи ифротгароӣ афзоиш меёбад.
"Дар пеши назари мо Афғонистон бори дигар ба як маркази парвариши терроризми байналмилалӣ табдил меёбад"- бо нигаронӣ изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай таъкид кард, ки ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон гуногунии сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ, баробарии гендериро ба назар намегирад.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки давоми ду-се соли оянда идеологияи ифротӣ дар Афғонистон шадидтар мешавад ва эҳтимоли густариши ин ақидаҳои харобкорона дар минтақаҳои ҳамсоя афзоиш меёбад.
Раҳмон таъкид кард, ки имрӯз Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад. Сарвари Тоҷикистон афзуд, ки вазъи кунунӣ на танҳо мушкили мардуми Афғонистон, балки тамоми минтақа аст.