https://sputnik.tj/20210916/rahmon-van-i-tojikiston-sarnavisht-afghoniston-1042286235.html
Раҳмон ба Ван И: Тоҷикистон нисбат ба сарнавишти Афғонистон бетафовут нест
Раҳмон ба Ван И: Тоҷикистон нисбат ба сарнавишти Афғонистон бетафовут нест
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо вазири клорҳои хориҷии Чин гуфт, Тоҷикистон ба сарнавишти Афғонистон бетараф буда наметавонад
2021-09-16T09:21+0500
2021-09-16T09:21+0500
2021-09-16T11:56+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
чин
ван и
шос
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042286200_0:318:3076:2048_1920x0_80_0_0_6b54e8702d6edd574ea8fd0f23997a6f.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван И, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби муносиботи шарикии стратегӣ ва дар зимни ташкилоту созмонҳои минтақаию байналмилалӣ баррасӣ шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ.Гуфта мешавад, ҷонибҳо аз мизони болои ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, фарҳангу башардӯстӣ ва амният изҳори ризоият карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва ҷалби сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.Дар мулоқот аз вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон изҳори нигаронӣ шудааст.Дар ин нишаст таъкид шудааст, ки Тоҷикистон бинобар доштани марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, забон ва таърихи муштарак бо ин кишвар нисбат ба сарнавишти он бетафовут буда наметавонад.Бо таваҷҷуҳ ба ин раисҷумҳури Тоҷикистон тасреҳ кардааст, ки Душанбе хостори барқарории сулҳу суботи пойдор дар ин кишвари ҳамсоя мебошад.
https://sputnik.tj/20210915/rahmon-toqaev-vazi-siyosiu-nizomii-afghonistonro-1042282235.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042286200_110:0:2841:2048_1920x0_80_0_0_3f21b3f5eb4b754d38622307a9045397.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, ван и, тоҷикистон, афғонистон,
раҳмон, ван и, тоҷикистон, афғонистон,
Раҳмон ба Ван И: Тоҷикистон нисбат ба сарнавишти Афғонистон бетафовут нест
09:21 16.09.2021 (Навсозишуда: 11:56 16.09.2021) Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Чин гуфт, Тоҷикистон нисбат ба сарнавишти Афғонистон бетафовут нест
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван И, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби муносиботи шарикии стратегӣ ва дар зимни ташкилоту созмонҳои минтақаию байналмилалӣ баррасӣ шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо аз мизони болои ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, фарҳангу башардӯстӣ ва амният изҳори ризоият карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва ҷалби сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Дар мулоқот аз вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон изҳори нигаронӣ шудааст.
Дар ин нишаст таъкид шудааст, ки Тоҷикистон бинобар доштани марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, забон ва таърихи муштарак бо ин кишвар нисбат ба сарнавишти он бетафовут буда наметавонад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин раисҷумҳури Тоҷикистон тасреҳ кардааст, ки Душанбе хостори барқарории сулҳу суботи пойдор дар ин кишвари ҳамсоя мебошад.