https://sputnik.tj/20210915/rahmon-toqaev-vazi-siyosiu-nizomii-afghonistonro-1042282235.html
Раҳмон ва Тоқаев вазъи сиёсию низомии Афғонистонро баррасӣ карданд
Раҳмон ва Тоқаев вазъи сиёсию низомии Афғонистонро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе мулоқоти раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд, ки дар он мавзӯи калидӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъияти сиёсию низомии Афғонистон буд
2021-09-15T19:10+0500
2021-09-15T19:10+0500
2021-09-15T19:48+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
қазоқистон
мулоқот
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042282130_0:317:3077:2048_1920x0_80_0_0_e3053fe063ef56b44cee4ec261549f56.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қазоқаш Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба Тоҷикистон омад, дидору гуфтугӯ кард.Бинобар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушду густариши робитаҳои шарикию стратегии ду кишвар ва мавзуи мушкилоти минтақаию ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар зимни ин мулоқот аз сатҳи рӯ ба рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳама бахшҳо изҳори ризоият намудааст.Гуфта шудааст, ки тарафҳо ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, ҳарбӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд таваҷҷуҳ зоҳир карданд.Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев барои таъсиси корхонаҳо ва марказҳои муштараки тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон ва баргузории вохӯрии навбатии машваратӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо ҳамтои қазоқаш бори дигар мавқеи ягона ва устувори Тоҷикистонро нисбат ба ҳалли фарогири қазияи ин кишвар таъкид намуд.
https://sputnik.tj/20210915/lavrov-ghani-davatanoma-jalasa-shsh-taghyir-1042274532.html
афғонистон
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042282130_156:0:2887:2048_1920x0_80_0_0_1aea5ec6f63ad368784b73d6303d50e9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, афғонистон, вазъи низомию сиёсӣ, душанбе
тоҷикистон, қазоқистон, ҳамкорӣ, афғонистон, вазъи низомию сиёсӣ, душанбе
Раҳмон ва Тоқаев вазъи сиёсию низомии Афғонистонро баррасӣ карданд
19:10 15.09.2021 (Навсозишуда: 19:48 15.09.2021) Дар Душанбе мулоқоти раисони ҷумҳурҳои Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд, ки дар он мавзӯи калидӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъияти сиёсию низомии Афғонистон буд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қазоқаш Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой ба Тоҷикистон омад, дидору гуфтугӯ кард.
Бинобар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушду густариши робитаҳои шарикию стратегии ду кишвар ва мавзуи мушкилоти минтақаию ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар зимни ин мулоқот аз сатҳи рӯ ба рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳама бахшҳо изҳори ризоият намудааст.
Гуфта шудааст, ки тарафҳо ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, ҳарбӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманд таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев барои таъсиси корхонаҳо ва марказҳои муштараки тақсимоти яклухт дар Тоҷикистон ва баргузории вохӯрии навбатии машваратӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
“Дар ҷараёни мулоқот зимни баррасии масоили амниятии минтақаӣ — вазъи сиёсию низомии Афғонистон, инчунин ҳолати мураккаб ва дар вартаи фоҷеаи гуманитарӣ қарор доштани мардуми ин кишвар муҳокима карда шуд”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо ҳамтои қазоқаш бори дигар мавқеи ягона ва устувори Тоҷикистонро нисбат ба ҳалли фарогири қазияи ин кишвар таъкид намуд.