https://sputnik.tj/20210916/putin-rahmon-mardum-tojikiston-sipos-navor-1042295814.html
Путин ба Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон сипос гуфт - навор
Путин ба Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон сипос гуфт - навор
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин тариқи онлайн дар нишасти СААД суханронӣ карда, ба Раҳмону мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард
2021-09-16T13:12+0500
2021-09-16T13:12+0500
2021-09-16T17:51+0500
сиёсат
душанбе
владимир путин
саад
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042264554_0:0:3003:1689_1920x0_80_0_0_5c75417a6a758c2f8c857c06ae23008a.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои мизбонӣ аз нишасти СААД ва СҲШ миннатдорӣ баён кард.Чун роҳбари Русия бо ашхоси гирифтори коронавирус дар тамос буд, сафари ӯ ба Тоҷикистон ва иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ лағв шуд. Ҳамакнун ӯ аз тариқи интернет ба кори нишаст пайваст шудааст.Президенти Русия қаблан ба аксар кишвардороне, ки дар ин нишаст иштирок мекунанд, тамос гирифт ва далели ҳузур наёфтани худро шарҳ дод. Ӯ дар суханронии онлайнияш низ изҳор дошт, ки давоми чанд рӯз бояд дар инзивоъ қарор дошта бошад.Дар идома ӯ афзуд, ки Русия манфиатдор аст, дар масофаи дур ҳам бошад, вазифаҳои калидии ин созмонро баррасӣ кунад.Бояд гуфт, дар Душанбе феълан ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ҷараён дорад.Ҷаласаи СААД ва нишасти 20-умин солгарди СҲШ рӯзҳои 16 ва 17 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешаванд.Бинобар баргузории ин нишастҳои муҳим дар Душанбе тадобири шадиди амниятӣ рӯйи даст гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20210916/jalasa-saad-dushanbe-oghoz-1042289031.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042264554_203:0:2934:2048_1920x0_80_0_0_bcd5a756fe23eaab24f80e0915c013b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин раҳмон тоҷикистон
Путин ба Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон сипос гуфт - навор
13:12 16.09.2021 (Навсозишуда: 17:51 16.09.2021) Кишвардори Русия Владимир Путин бинобар тамос доштан бо афроди гирифтори коронавирус сафарашро ба Тоҷикистон лағв кард. Ӯ аз тариқи онлайнӣ дар нишасти СААД суханронӣ карда, ба Раҳмону мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои мизбонӣ аз нишасти СААД ва СҲШ миннатдорӣ баён кард.
Чун роҳбари Русия бо ашхоси гирифтори коронавирус дар тамос буд, сафари ӯ ба Тоҷикистон ва иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ лағв шуд. Ҳамакнун ӯ аз тариқи интернет ба кори нишаст пайваст шудааст.
Президенти Русия қаблан ба аксар кишвардороне, ки дар ин нишаст иштирок мекунанд, тамос гирифт ва далели ҳузур наёфтани худро шарҳ дод. Ӯ дар суханронии онлайнияш низ изҳор дошт, ки давоми чанд рӯз бояд дар инзивоъ қарор дошта бошад.
"Мутаассифона, ман маҷбур будам, ки сафари худро ба Душанбе дар охирин лаҳза лағв кунам. Дар давоми чанд рӯз бояд дар инзивоъ бимонам", - тавзеҳ дод Путин.
Дар идома ӯ афзуд, ки Русия манфиатдор аст, дар масофаи дур ҳам бошад, вазифаҳои калидии ин созмонро баррасӣ кунад.
Бояд гуфт, дар Душанбе феълан ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ҷараён дорад.
Ҷаласаи СААД ва нишасти 20-умин солгарди СҲШ рӯзҳои 16 ва 17 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешаванд.
Бинобар баргузории ин нишастҳои муҳим дар Душанбе тадобири шадиди амниятӣ рӯйи даст гирифта шудааст.