Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Душанбе оғоз шуд

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин на заседании лидеров ОДКБ
Президент РФ Владимир Путин на заседании лидеров ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Обуна шудан
Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти СААД ба гунаи онлайнӣ ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ оғоз шуд.
Дар ин ҷаласа президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, Беларус Александр Лукашенко, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок доранд.
Видеои оғози ҷаласаро сухангӯи президенти Қазоқистон Берик Уали мунташир кард.
Президенти Русия Владимир Путин дар ин нишаст ба шеваи онлайнӣ пайваст шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва нишасти 20-умин солгарди СҲШ рӯзҳои 16 ва 17 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешаванд.
Ба муносибати баргузории ин нишастҳои муҳим дар Душанбе тадобири шадиди амниятӣ рӯйи даст гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0