Шойгу вориди Тоҷикистон шуд

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкРабочая поездка министра обороны РФ С. Шойгу в войска ЦВО
Рабочая поездка министра обороны РФ С. Шойгу в войска ЦВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон қабули меҳмонони нишасти сарони кишварҳои узви СААД-ро шуруъ намуд. Яке аз аввалин меҳмонҳое, ки аллакай вориди Душанбе шудааст, Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия мебошад
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Вазири мудофиаи Федератсияи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора мақомоти низомии Русия хабар доданд.
Ҳавопаймои ҳомили вазири рус чанде пеш ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.
Шойгу тасмим дорад, дар нишасти вазирони корҳои хориҷӣ, вазирони дифоъ ва дабирони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ширкат кунад.

"Иштирокчиёни вохӯрӣ масъалаҳои амнияти минтақаӣ ва ҳамкориҳои байналмилалиро баррасӣ хоҳанд кард",-гуфтанд дар Вазорати дифои Русия.

Илова бар ин вазъи ноустувори Афғонистон низ аз мавзуъҳои асосӣ хоҳад буд. Пас аз анҷоми вохӯриҳо сардорони шуъбаҳо изҳороти муштарак хоҳанд дод.
Президент РФ Владимир Путин во время телефонного разговора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Путин ба Раисӣ занг заду сабаби лағви сафараш ба Тоҷикистонро гуфт
Ёдовар мешавем, ки нишасти вузарои корҳои хориҷӣ, вазирони дифои кишварҳои узви СААД ва котибони амният рӯзи 15 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва котиби Шӯрои амният Николай Патрушев низ вориди Душанбе шуданд.
Лентаи хабарҳо
0