https://sputnik.tj/20210826/sadama-qurboni-ruzi-ahir-1041906806.html
Ду садама ва ду қурбонӣ дар ду рӯзи ахир
Ду садама ва ду қурбонӣ дар ду рӯзи ахир
Sputnik Тоҷикистон
Як дучархарон ва як ронанда қурбони садамаҳои нақлиётӣ дар ду рӯзи ахир шуданд 26.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-26T16:02+0500
2021-08-26T16:02+0500
2021-08-26T16:04+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
садама
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102521/66/1025216604_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_eface6e32dd983adf42fa98ee91afdcd.jpg
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тайи ду рӯзи охир дар роҳҳои Тоҷикистон ду нафар ҳалок шуданд, хабар додааст Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.Бино бар иттилои манбаъ, рӯзҳои 24 ва 25 август дар ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом садамаҳои маргбор ба қайд гирифта шуд.Гуфта мешавад, садамаи авал 24-уми августи соли 2021, тахминан соати 17:40-дақиқа дар маҳаллаҳои Янгиобод ва Андарсойи ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи мазкур рух додаст.Таъкид карда мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Дэу-Тико", Мамадалиев Шуҳратбеки 19-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.Дар натиҷа, автомашинаро ба тарафи рости роҳ чаппа шуда, худи ронанда Мамадалиев Шуҳратбек ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Мутаассифона, рӯзи 25-уми августи соли 2021, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс", Ҷабборов Фирдавси 25-сола, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Айнии шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.Дар натиҷа дучархарон Розиқов Собидҷони 61-сола, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.Дучархарон Розиқов С. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210825/piyodagard-hurdsol-zeri-charhi-moshin-halokat-1041872077.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102521/66/1025216604_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_2fc6581e242f6a336ba3a5fc7fc232eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, садама
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, садама
Ду садама ва ду қурбонӣ дар ду рӯзи ахир
16:02 26.08.2021 (Навсозишуда: 16:04 26.08.2021) Як дучархарон ва як ронанда қурбони садамаҳои нақлиётӣ дар ду рӯзи ахир шуданд
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тайи ду рӯзи охир дар роҳҳои Тоҷикистон ду нафар ҳалок шуданд, хабар додааст Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзҳои 24 ва 25 август дар ноҳияи Спитамен ва шаҳри Конибодом садамаҳои маргбор ба қайд гирифта шуд.
Гуфта мешавад, садамаи авал 24-уми августи соли 2021, тахминан соати 17:40-дақиқа дар маҳаллаҳои Янгиобод ва Андарсойи ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи мазкур рух додаст.
Таъкид карда мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Дэу-Тико", Мамадалиев Шуҳратбеки 19-сола, сокини ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар натиҷа, автомашинаро ба тарафи рости роҳ чаппа шуда, худи ронанда Мамадалиев Шуҳратбек ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мутаассифона, рӯзи 25-уми августи соли 2021, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс", Ҷабборов Фирдавси 25-сола, сокини шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Айнии шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар натиҷа дучархарон Розиқов Собидҷони 61-сола, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дучархарон Розиқов С. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.