https://sputnik.tj/20210915/saad-tojikiston-nazorat-marz-afghoniston-kumak-1042269433.html
СААД Тоҷикистонро дар назорати марз бо Афғонистон кумак хоҳад кард
СААД Тоҷикистонро дар назорати марз бо Афғонистон кумак хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СААД гуфт, ки кишварҳои узви ин Созмон омодаанд ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон кумак кунанд
2021-09-15T12:45+0500
2021-09-15T12:45+0500
2021-09-15T14:32+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
спад
саад
кӯмак
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102122/18/1021221868_0:269:3105:2016_1920x0_80_0_0_880ee21309c5d65b154ab960404ad6d9.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен - Sputnik. Намояндагони кишварҳои СААД тасдиқ карданд, ки дар сурати буҳронӣ шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон омодаанд, ба Душанбе кумак намоянд.Дар ин бора Станислав Зас, дабири кулли СААД дар пайи нишасти муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти ин созмон ба рӯзноманигорон хабар дод.Дабири кулли СААД тасреҳ кард, ки кишварҳои узви созмон аз вазъи феълии Афғонистон нигаронанд.Вай афзуд, намояндагони кишварҳо бори дигар масъулияти худро дар ҷиҳати кумак ба Тоҷикистон бинобар шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон таъйид намуданд.Ёдовар мешавем, намояндагони СААД борҳо таъкид кардаанд, ки дар ҳоли вуҷуди зарурат созмон метавонад ба Тоҷикистон кумаки фаврӣ кунад.Тибқи иттилои СААД, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чандон хуб нест. Намояндагони Белорус изҳор доштанд, ки вазъ дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ба ҳадде хароб шудааст, ки эҳтимол вуруди нерӯҳои изофӣ аз ин созмон ба кишвар ногузир шавад.
https://sputnik.tj/20210915/shoygu-ozim-tojikiston-1042263988.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102122/18/1021221868_28:0:2759:2048_1920x0_80_0_0_78c0a8d210640959e66e47f4ea731d03.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саад, назорати марз, афғонистон, таҳким, спад
тоҷикистон, саад, назорати марз, афғонистон, таҳким, спад
СААД Тоҷикистонро дар назорати марз бо Афғонистон кумак хоҳад кард
12:45 15.09.2021 (Навсозишуда: 14:32 15.09.2021) Дабири кулли СААД гуфт, ки кишварҳои узви ин созмон омодаанд, ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 15 сен - Sputnik. Намояндагони кишварҳои СААД тасдиқ карданд, ки дар сурати буҳронӣ шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон омодаанд, ба Душанбе кумак намоянд.
Дар ин бора Станислав Зас, дабири кулли СААД дар пайи нишасти муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти ин созмон ба рӯзноманигорон хабар дод.
Дабири кулли СААД тасреҳ кард, ки кишварҳои узви созмон аз вазъи феълии Афғонистон нигаронанд.
Вай афзуд, намояндагони кишварҳо бори дигар масъулияти худро дар ҷиҳати кумак ба Тоҷикистон бинобар шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон таъйид намуданд.
"Дар сурати муташанниҷ шудани вазъ дар марзҳои ҷанубии СААД ба Тоҷикистон тамоми кумакҳои зарурии низомӣ ва дипломатӣ расонида мешавад", - гуфт Зас.
Ёдовар мешавем, намояндагони СААД борҳо таъкид кардаанд, ки дар ҳоли вуҷуди зарурат созмон метавонад ба Тоҷикистон кумаки фаврӣ кунад.
Тибқи иттилои СААД, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чандон хуб нест. Намояндагони Белорус изҳор доштанд, ки вазъ дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ба ҳадде хароб шудааст, ки эҳтимол вуруди нерӯҳои изофӣ аз ин созмон ба кишвар ногузир шавад.