СААД ба парҳез аз даргириҳои қавмию мазҳабӣ дар Афғонистон даъват кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкСовместное заседание министров иностранных дел, министров обороны и секретарей совбезов ОДКБ в Душанбе
Совместное заседание министров иностранных дел, министров обороны и секретарей совбезов ОДКБ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Обуна шудан
Кишварҳои узви СААД дар изҳороти муштаракашон гурӯҳҳои қавмию мазҳабӣ дар Афғонистонро ба парҳез аз даргирӣ даъват намуданд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони мудофиа, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД ва котибони Шӯрои амнияти ин созмон изҳороти муштарак дар бораи вазъи Афғонистон қабул шуд.
Дар изҳорот аз тамоми гурӯҳҳои қавмию мазҳабии Афғонистон даъват шудааст, ки аз даргириҳои мусаллаҳона худдорӣ намоянд.
Таъкид шудааст, ки дар Афғонистон бояд чораҳои зарурӣ барои ба эътидол овардани вазъ, ҳифзи ҳаёти сокинони мулкӣ, барқарории сулҳ, рушди иқтисод ва решакан кардани ҷиноятҳои террористию маводи мухаддир амалӣ шаванд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Лавров: Ғанӣ даъватнома ба Душанберо гирифт, аммо вазъ тағйир ёфт
Дар баробари ин кишварҳои узви СААД зарур донистаанд, ки ҳар хатари бархоста аз қаламрави Афғонистон ҷилавгирӣ шавад. Инчунин ба азми қотеъ барои истифода аз имконоти созмон дар таъмини амнияти кишварҳои узв таъкид шудааст дар изҳорот.
Дар зимн СААД тайи ин изҳороташ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки кумакҳои башардӯстонаро ба ҷомеаи Афғонистон афзоиш диҳанд.
СААД омодагиашро барои кумак ба Афғонистон дар масъалаи таъмини сулҳу субот ва рушди кишвари озод аз терроризму маводи мухаддир баён доштааст.
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки кишварҳои узви созмон омодаанд, талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои эътидоли вазъ дар Афғонистон зери назару ҳамоҳангии СММ дастгирӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0