https://sputnik.tj/20210915/lavrov-ghani-davatanoma-jalasa-shsh-taghyir-1042274532.html
Лавров: Ғанӣ даъватнома ба Душанберо гирифт, аммо вазъ тағйир ёфт
Лавров: Ғанӣ даъватнома ба Душанберо гирифт, аммо вазъ тағйир ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Раиисҷумҳури собиқи Афғонистон метавонист, дар ҷаласаи ҷашнии СҲШ дар Душанбе иштирок кунад, агар қудрат тағйир намеёфт
2021-09-15T15:30+0500
2021-09-15T15:30+0500
2021-09-15T16:56+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
ҳамкорӣ
осиёи марказӣ
ғанӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042269873_0:0:2997:1685_1920x0_80_0_0_1a553dadb09dafa0091896f1e3cafffc.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон даъватнома ба ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ - ро гирифта буд, гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар ҷамъи хабарнигорон. Лавров зикр кард, ки Афғонистон мақоми нозир дар СҲШ-ро дорад. Намояндагони кишварҳои нозир, ба гуфтаи ӯ, дар ҳар ҷаласаи созмон иштирок мекунанд. Даъватнома ба чорабиниро собиқ раисҷумҳури Афғонистон низ гирифта буд. "Аммо раисиҷумҳур Ғанӣ аз кишвар фирор карду ин амалашро ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ гуфт, ки вазъ тағйир ёфт" - изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия. Ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе 16 - 17 сентябр баргузор мешавад. Яке аз масоили меҳварии ин мулоқот масоили Афғонистон мебошад. Дар ҳамин ҳол мақомдорони кишварҳои узви СААД созиш кардаанд, ки чораҳои муштарак барои бартарафсозии таҳдидҳо аз Афғонистонро такмил медиҳанд.Станислав Зас, дабири кулли СААД мегӯяд, дар сурати ташдиди вазъ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон барои кишвар тамоми кумакҳо, аз низомӣ то дипломатӣ ироа хоҳад шуд.Созмони террористии "Толибон"* 15 август вориди Кобул шуда, аввали моҳи сентябр эълон кард, ки Панҷшер, ягона вилояти берун аз тасаллути ҷангиёнро низ зери итоати худ даровардааст. Аммо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, таслими "Толибон"* нашуда, мубориза барои озодию адолат дар ин кишварро идома хоҳад дод.* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210915/saad-barnoma-jadidi-tahkimi-1042269570.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042269873_39:0:2768:2047_1920x0_80_0_0_cec8f5a5b5967e8912d1a95687b2c209.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, ғанӣ, даъватнома, ҷаласа, сҳш, лавров
саад, ғанӣ, даъватнома, ҷаласа, сҳш, лавров
Лавров: Ғанӣ даъватнома ба Душанберо гирифт, аммо вазъ тағйир ёфт
15:30 15.09.2021 (Навсозишуда: 16:56 15.09.2021) Агар қудрат тағйир намеёфт, раисҷумҳури собиқи Афғонистон метавонист дар ҷаласаи ҷашнии СҲШ дар Душанбе иштирок кунад,
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури собиқи Афғонистон даъватнома ба ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ - ро гирифта буд, гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар ҷамъи хабарнигорон.
Лавров зикр кард, ки Афғонистон мақоми нозир дар СҲШ-ро дорад. Намояндагони кишварҳои нозир, ба гуфтаи ӯ, дар ҳар ҷаласаи созмон иштирок мекунанд.
Даъватнома ба чорабиниро собиқ раисҷумҳури Афғонистон низ гирифта буд. "Аммо раисиҷумҳур Ғанӣ аз кишвар фирор карду ин амалашро ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезӣ гуфт, ки вазъ тағйир ёфт" - изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия.
Ҷаласаи ҷашнии сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе 16 - 17 сентябр баргузор мешавад. Яке аз масоили меҳварии ин мулоқот масоили Афғонистон мебошад.
Дар ҳамин ҳол мақомдорони кишварҳои узви СААД созиш кардаанд, ки чораҳои муштарак барои бартарафсозии таҳдидҳо аз Афғонистонро такмил медиҳанд.
Станислав Зас, дабири кулли СААД мегӯяд, дар сурати ташдиди вазъ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон барои кишвар тамоми кумакҳо, аз низомӣ то дипломатӣ ироа хоҳад шуд.
Созмони террористии "Толибон"* 15 август вориди Кобул шуда, аввали моҳи сентябр эълон кард, ки Панҷшер, ягона вилояти берун аз тасаллути ҷангиёнро низ зери итоати худ даровардааст. Аммо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, таслими "Толибон"* нашуда, мубориза барои озодию адолат дар ин кишварро идома хоҳад дод.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар