https://sputnik.tj/20210915/lukashenko-tojikiston-rasulzoda-peshvoz-1042279422.html
Лукашенкоро дар фурудгоҳи Душанбе Расулзода пешвоз гирифт
Лукашенкоро дар фурудгоҳи Душанбе Расулзода пешвоз гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Александр Лукашенкоро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт 15.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-15T17:40+0500
2021-09-15T17:40+0500
2021-09-15T18:07+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
александр лукашенко
ташриф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032895055_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_5383c1adf6f468c7df193f57abe718ec.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.Хабаргузории Ховар менависад, ки кишвардори Белорус ва ҳайати ин кишварро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.Ҳадафи асосии сафари роҳбари Белорус ба Тоҷикистон иштирок дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД мебошад. Ин иҷлосия рӯзи 16 сентябр, таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.Манбаъ меафзояд, рӯзи 17 сентябр Александр Лукашенко дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсисёбии ин созмон бахшида шудааст, ҳамчун роҳбари давлати нозир иштирок менамояд.Ёдовар мешавем, ки дар нишасти сарони давлатҳои узви СААД кишвардори Русия Владимир Путин иштирок намекунад. Сафари Путин ба далели тамос доштани ӯ бо афроди гирифтори коронавирус лағв шуд. Феълан раисиҷумҳури Русия ба қарантин фаро гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20210915/shoygu-ozim-tojikiston-1042263988.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032895055_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_3d0f4d86944bfc111ea485cb1800726c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , александр лукашенко, ташриф
дар тоҷикистон, сиёсат , александр лукашенко, ташриф
Лукашенкоро дар фурудгоҳи Душанбе Расулзода пешвоз гирифт
17:40 15.09.2021 (Навсозишуда: 18:07 15.09.2021) Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Александр Лукашенкоро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Белорус, Александр Лукашенко бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Хабаргузории Ховар менависад, ки кишвардори Белорус ва ҳайати ин кишварро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ҳадафи асосии сафари роҳбари Белорус ба Тоҷикистон иштирок дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД мебошад. Ин иҷлосия рӯзи 16 сентябр, таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.
Манбаъ меафзояд, рӯзи 17 сентябр Александр Лукашенко дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-умин солгарди таъсисёбии ин созмон бахшида шудааст, ҳамчун роҳбари давлати нозир иштирок менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар нишасти сарони давлатҳои узви СААД кишвардори Русия Владимир Путин иштирок намекунад. Сафари Путин ба далели тамос доштани ӯ бо афроди гирифтори коронавирус лағв шуд. Феълан раисиҷумҳури Русия ба қарантин фаро гирифта шудааст.