https://sputnik.tj/20210915/saad-barnoma-jadidi-tahkimi-1042269570.html
СААД барномаи ҷадиди таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро таҳия мекунад
СААД барномаи ҷадиди таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро таҳия мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ роҳҳои таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро таҳия дорад
2021-09-15T13:05+0500
2021-09-15T13:05+0500
2021-09-15T14:37+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039086682_0:67:1281:787_1920x0_80_0_0_69294c7e1f55c2ed50823ef3ac02c69a.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. СААД барномаи ҷадиди таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро омода мекунад. Дар ин бора Станислав Зас, дабири куллии СААД иттилоъ дод. Ин тасмим дар пайи ҷаласаи муштараки вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД гирифта шудааст. "Гузориш дар бораи таҳияи барномаи байнидавлатии СААД дар мавриди устувор кардани бархе қисматҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шунида шуд", - изҳор дошт Зас. Ба гуфтаи дабири кулли СААД, барномаи таъмини амният дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон такмил мешавад. Дар доираи таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон амалиёти зиддимухаддиротии "Канал" ва амалиёти байнидавлатии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии "Нелегал" баргузор мегардад. Мулоқоти вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар Душанбе рӯзи 15 сентябр баргузор шуд. Аз мавзуъҳои марказии мулоқот масоили марбути Афғонистон буданд. СААД бори дигар таъкид намуд, ки дар сурати зарурат нерӯҳои ин созмон ба кумаки Тоҷикистон хоҳанд рафт.
https://sputnik.tj/20210915/kishvarho-saad-afghoniston-izhorot-imzo-1042267928.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039086682_70:0:1209:854_1920x0_80_0_0_7321a349e5e9be220b15e6dab2f11a95.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, тоҷикистон, афғонистон, толибон, марз
саад, тоҷикистон, афғонистон, толибон, марз
СААД барномаи ҷадиди таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро таҳия мекунад
13:05 15.09.2021 (Навсозишуда: 14:37 15.09.2021) Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барномаи таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро таҳия мекунад
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. СААД барномаи ҷадиди таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро омода мекунад. Дар ин бора Станислав Зас, дабири куллии СААД иттилоъ дод.
Ин тасмим дар пайи ҷаласаи муштараки вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД гирифта шудааст.
"Гузориш дар бораи таҳияи барномаи байнидавлатии СААД дар мавриди устувор кардани бархе қисматҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шунида шуд", - изҳор дошт Зас.
Ба гуфтаи дабири кулли СААД, барномаи таъмини амният дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон такмил мешавад.
Дар доираи таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон амалиёти зиддимухаддиротии "Канал" ва амалиёти байнидавлатии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии "Нелегал" баргузор мегардад.
Мулоқоти вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар Душанбе рӯзи 15 сентябр баргузор шуд. Аз мавзуъҳои марказии мулоқот масоили марбути Афғонистон буданд. СААД бори дигар таъкид намуд, ки дар сурати зарурат нерӯҳои ин созмон ба кумаки Тоҷикистон хоҳанд рафт.