https://sputnik.tj/20210915/soleh-tojikiston-omad-fishorho-tolibon-panjsher-kohish-1042262941.html
Манбаъ: Солеҳ ба Тоҷикистон омад ва фишорҳои “Толибон”* бар Панҷшер коҳиш ёфт
Манбаъ: Солеҳ ба Тоҷикистон омад ва фишорҳои “Толибон”* бар Панҷшер коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали собиқ президенти Афғонистон – Ашраф Ғанӣ Панҷшерро тарк кард
2021-09-15T09:24+0500
2021-09-15T09:24+0500
2021-09-15T12:07+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040773670_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_54dff71efa2f8452263fd319f22b5c9e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Дар гузашта низ аз фирори ӯ ба кишвари ҳамсоя, ки аз сӯйи бархе манобеъ, Тоҷикистон гуфта мешуд, гузоришҳо ба нашр расида буданд, аммо ҳама дар сатҳи овоза баён мешуд ва касе далели мувассақе дар ин хусус матраҳ накард. Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, як рӯз қабл Амруллоҳ Солеҳ аз тариқи як тайёраи низомии ҷабҳа аз Панҷшер ба самти Тоҷикистон парвоз кард. Ин манбаъ эҳтимоли ширкати Амруллоҳ Солеҳ дар ҷаласаҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) – ро баъид намедонад. Афғонистон аз 7 июни соли 2012 дар СҲШ ва 11 апрели 2013 дар СПАД минҳайси кишвари нозир пазируфта шудааст. Кишварҳои узви ин созмонҳо ҳамоно ҳукумати “Толибон”* – ро ба расмият нашинохтаанд, аз ин хотир Амруллоҳ Солеҳ метавонад дар нишасти раҳбарони ин созмонҳо дар Душанбе, ки аз 15 то 17 сентябри соли равон баргузор мешавад, кишварашро намояндагӣ кунад.Ин бори дуввум аст, ки аз сафари Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон хабар пахш мешавад. Рӯзи 5 сентябр расонаҳо аз тарки Афғонистон кардани ӯ гузориш дода буданд, аммо бино ба ин гузоришҳо, ӯ дигарбора ба Афғонистон, дақиқан дараи Панҷшер баргашт ва таҳти ҳимояти нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат қарор дошт.Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, 5 сентябр Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер қарор дошт ва гузоришҳо ҳама барои таблиғот буданд, то фишори “Толибон”* сари мардуми дараро кам кунанд."Ҳама талоши онҳо бар ин буд, ки Солеҳро дастгир кунанд ё аз миён баранд, зеро ҳузури ӯ дар Афғонистон ҳукумати “Толибон”*- ро мустақим таҳдид мекард. Аз ин хотир онҳо дараро таҳти назорати шадид қарор дода, ба ҳар як тирандозӣ ҳассосият нишон медоданд. Ҳоло онҳо аз қисматҳои болоӣ ва манотиқи хатарноки дара, ҷоҳое, ки онҳо осебпазиранд ва мавриди ҳамлаҳои Ҷабҳаи муттаҳид қарор мегиранд, ақибнишинӣ мекунанд”, - гуфт манбаъ. Тибқи иттилое, ки ин манбаъ медиҳад, ҳамарӯза дар ҷангҳои хурду реза дар Панҷшер ҳудуди 20 ҷангии толиб ба ҳалокат мерасад.Сафорати Афғонистон: Амруллоҳ Солеҳ дар Душанбе буд ва ба ватан баргашт"Иттилое, ки аз шифохонаи "емерҷенсӣ" (ёрии таъҷилӣ) - и вилоят ба мо мерасад, ҳар рӯз ҷасадҳо дар ин ҷо ҷамъоварӣ мешаванд ва ба Кобул интиқол меёбанд”, - гуфт манбаъ. Зимнан, 10 сентябр расонаҳо аз кушта шудани бародари Амруллоҳ Солеҳ – Руҳуллоҳ Азизӣ аз сӯйи “Толибон”* дар Панҷшер хабар расид. Вай мехост аз пайи бародари худ аз тариқи мавзеъи Хонизи рустои Бозорак – зодгоҳи Амруллоҳ Солеҳ худро ба бародараш расонад. Амруллоҳ Солеҳ аз ҳамон рӯз то ба ҳол дар дараҳои фаръии Панҷшер паноҳ бурда буд.* ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20210910/barodari-amrulloh-soleh-tolibon-kushta-shud-1042188530.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040773670_264:0:1831:1175_1920x0_80_0_0_3d7b5e875f0cbcabc617e50d0f17aabb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон амруллоҳ солеҳ тоҷикистон
афғонистон амруллоҳ солеҳ тоҷикистон
Манбаъ: Солеҳ ба Тоҷикистон омад ва фишорҳои “Толибон”* бар Панҷшер коҳиш ёфт
09:24 15.09.2021 (Навсозишуда: 12:07 15.09.2021) Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ Панҷшерро тарк кард
ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Дар гузашта низ аз фирори ӯ ба кишвари ҳамсоя, ки аз сӯйи бархе манобеъ, Тоҷикистон гуфта мешуд, гузоришҳо ба нашр расида буданд, аммо ҳама дар сатҳи овоза баён мешуд ва касе далели мувассақе дар ин хусус матраҳ накард.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, як рӯз қабл Амруллоҳ Солеҳ аз тариқи як тайёраи низомии ҷабҳа аз Панҷшер ба самти Тоҷикистон парвоз кард.
"Раҳбарияти ҷабҳа ба ин қарор расид, ки ӯро аз кишвар хориҷ кунад. Ин ҷо барои ӯ, ки тибқи Сарқонуни ҷорӣ, амалан раҳбари Афғонистон ба шумор меояд ва ҳанӯз ҳукумати “Толибон”* аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф нашудааст, хатарнок аст. “Толибон”* ҳам талоши зиёд доранд, то ба ӯ бирасанд ва то замоне ки Амруллоҳ Солеҳ аз ҳукумат даст накашад, ӯро ором нахоҳанд гузошт”,-гуфт манбаъ.
Ин манбаъ эҳтимоли ширкати Амруллоҳ Солеҳ дар ҷаласаҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) – ро баъид намедонад.
Афғонистон аз 7 июни соли 2012 дар СҲШ ва 11 апрели 2013 дар СПАД минҳайси кишвари нозир пазируфта шудааст. Кишварҳои узви ин созмонҳо ҳамоно ҳукумати “Толибон”* – ро ба расмият нашинохтаанд, аз ин хотир Амруллоҳ Солеҳ метавонад дар нишасти раҳбарони ин созмонҳо дар Душанбе, ки аз 15 то 17 сентябри соли равон баргузор мешавад, кишварашро намояндагӣ кунад.
Ин бори дуввум аст, ки аз сафари Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон хабар пахш мешавад. Рӯзи 5 сентябр расонаҳо аз тарки Афғонистон кардани ӯ гузориш дода буданд, аммо бино ба ин гузоришҳо, ӯ дигарбора ба Афғонистон, дақиқан дараи Панҷшер баргашт ва таҳти ҳимояти нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат қарор дошт.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, 5 сентябр Амруллоҳ Солеҳ дар Панҷшер қарор дошт ва гузоришҳо ҳама барои таблиғот буданд, то фишори “Толибон”* сари мардуми дараро кам кунанд.
"Ҳама талоши онҳо бар ин буд, ки Солеҳро дастгир кунанд ё аз миён баранд, зеро ҳузури ӯ дар Афғонистон ҳукумати “Толибон”*- ро мустақим таҳдид мекард. Аз ин хотир онҳо дараро таҳти назорати шадид қарор дода, ба ҳар як тирандозӣ ҳассосият нишон медоданд. Ҳоло онҳо аз қисматҳои болоӣ ва манотиқи хатарноки дара, ҷоҳое, ки онҳо осебпазиранд ва мавриди ҳамлаҳои Ҷабҳаи муттаҳид қарор мегиранд, ақибнишинӣ мекунанд”, - гуфт манбаъ.
Тибқи иттилое, ки ин манбаъ медиҳад, ҳамарӯза дар ҷангҳои хурду реза дар Панҷшер ҳудуди 20 ҷангии толиб ба ҳалокат мерасад.
"Иттилое, ки аз шифохонаи "емерҷенсӣ" (ёрии таъҷилӣ) - и вилоят ба мо мерасад, ҳар рӯз ҷасадҳо дар ин ҷо ҷамъоварӣ мешаванд ва ба Кобул интиқол меёбанд”, - гуфт манбаъ.
Зимнан, 10 сентябр расонаҳо аз кушта шудани бародари Амруллоҳ Солеҳ – Руҳуллоҳ Азизӣ аз сӯйи “Толибон”* дар Панҷшер хабар расид. Вай мехост аз пайи бародари худ аз тариқи мавзеъи Хонизи рустои Бозорак – зодгоҳи Амруллоҳ Солеҳ худро ба бародараш расонад. Амруллоҳ Солеҳ аз ҳамон рӯз то ба ҳол дар дараҳои фаръии Панҷшер паноҳ бурда буд.
* ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия