https://sputnik.tj/20210915/ahmad-masud-parlumon-avrupo-davat-1042276124.html
Аҳмад Масъудро ба парлумони Аврупо даъват карданд
Аҳмад Масъудро ба парлумони Аврупо даъват карданд
Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Аврупо Аҳмад Масъудро ҳамчун вориси падараш Аҳмадшоҳи Масъуд эътироф карда, ӯро ба Аврупо даъват намуд 15.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-15T16:30+0500
2021-09-15T16:30+0500
2021-09-15T17:34+0500
сиёсат
афғонистон
осиёи марказӣ
парлумони аврупо
масъуд аҳмад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100026_0:113:2048:1265_1920x0_80_0_0_9069c058451e9e5ae7cfb6adc7c6b436.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд ба парлумони Аврупо даъват шудааст, хабар медиҳад ожонси хабарии "Aamaj News".Ин манбаъ бо истинод ба Алӣ Майсам Назарӣ, сардори бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат навиштааст, ки "парлумони Аврупо ба муборизаи қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд баҳои баланд дод ва пас аз 20 сол Аҳмад Масъуди хурдиро ҳамчун вориси ӯ эътироф кард".Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки вакилони парлумони Аврупо Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллиро ба парлумони Аврупо даъват кардаанд.Маврид ба зикр аст, ки Аҳмад Масъуд ҷабҳаеро раҳбарӣ мекунад, ки дар Панҷшер, танҳо вилояти озод аз сайтараи “Толибон” як муқовиматеро алайҳи ин гурӯҳ ба роҳ мондааст. Ӯ ҳамагӣ 33 сол дошта, ба танҳоӣ алайҳи як гурӯҳи тундрав қад алам кардааст. Ҳоло ӯ дар Панҷшер қарор дошта, машғули мубориза бо “Толибон”* ва муттаҳидаш – “Ал-қоида”* – ву дигар созмонҳои террористии ҷаҳону минтақа аст.
https://sputnik.tj/20210915/ismoilkhon-hukumati-hamashumul-afghoniston-bargardam-1042268189.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100026_106:0:1943:1378_1920x0_80_0_0_4af615a40b15c94a885a987d30bdb3f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , афғонистон, осиёи марказӣ, парлумони аврупо, масъуд аҳмад
сиёсат , афғонистон, осиёи марказӣ, парлумони аврупо, масъуд аҳмад
Аҳмад Масъудро ба парлумони Аврупо даъват карданд
16:30 15.09.2021 (Навсозишуда: 17:34 15.09.2021) Парлумони Аврупо Аҳмад Масъудро ҳамчун вориси падараш Аҳмадшоҳи Масъуд эътироф карда, ӯро ба Аврупо даъват намуд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд ба парлумони Аврупо даъват шудааст, хабар медиҳад ожонси хабарии "Aamaj News".
Ин манбаъ бо истинод ба Алӣ Майсам Назарӣ, сардори бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат навиштааст, ки "парлумони Аврупо ба муборизаи қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд баҳои баланд дод ва пас аз 20 сол Аҳмад Масъуди хурдиро ҳамчун вориси ӯ эътироф кард".
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки вакилони парлумони Аврупо Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллиро ба парлумони Аврупо даъват кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Аҳмад Масъуд ҷабҳаеро раҳбарӣ мекунад, ки дар Панҷшер, танҳо вилояти озод аз сайтараи “Толибон” як муқовиматеро алайҳи ин гурӯҳ ба роҳ мондааст.
Ӯ ҳамагӣ 33 сол дошта, ба танҳоӣ алайҳи як гурӯҳи тундрав қад алам кардааст. Ҳоло ӯ дар Панҷшер қарор дошта, машғули мубориза бо “Толибон”* ва муттаҳидаш – “Ал-қоида”* – ву дигар созмонҳои террористии ҷаҳону минтақа аст.