Нотаи эътирозии Тоҷикистон ба ИМА дар мавриди изҳороти Байден. Душанбе эҳтиром хост

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
Обуна шудан
Сафири ИМА дар Душанбе ба Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эҳзор ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супорида шуд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, 14 сентябр Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Душанбе эҳзор ва ёддошти эътирозӣ ба ӯ супорида шуд.
Ин ниҳод мегӯяд, ёддошти эътирозӣ ба изҳороти президенти ИМА, Ҷо Байден рабт дорад, ки зимни боздид аз дидбонгоҳи оташнишонӣ дар Пенсилвания баён дошт.
Байден ахиран дар Пенсилвания зимни ҳимоят аз тасмим барои хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон ва шарҳи ин ҳолат, ки бархеҳо дар талоши фирор аз "Толибон"* худро дар болу чархи ҳавопаймоҳои амрикоӣ овезон карданд, изҳор дошт, ки чунин ҳолат метавонист дар Тоҷикистон низ рух диҳад.
"Агар мо дар Тоҷикистон ҳам як ҳавопаймои ҳарбии нақлиётии "С-130"-ро мебаровардему мегуфтем, ки ба ҳамаи онҳое, ки бо мо ҳамкор буданд, иҷоза медиҳем, ба ҳавопаймо савор шаванд, шумо одамонро ҳамон гуна дар шасси овезон медидед", - изҳор дошта буд Байден.
Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Байден: часпидан ба ҳавопаймоҳо дар Кобул, метавонад дар Тоҷикистон такрор шавад
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо супоридани нотаи эътирозӣ ба Поммершайм таъкид намуд, ки чунин суханҳо ба рӯҳияи муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ ҷавобгӯ нест.
Дар ёддошт дар баробари эътироз аз суханони Байден ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандияшро барои пешбурди робитаҳои судманд бо ИМА дар рӯҳияи ёрӣ ва эҳтироми ҳамдигар баён доштаст.
Ин дар ҳолест, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон "Толибон"* қаламрави ин кишварро ғасб карданд. Бархе аз сокинони мулкӣ дар талоши фирор аз "Толибон"* худро дар чарху болҳои ҳавопаймоҳои амрикоӣ овезон намуда, ҷон доданд. Ин саҳна боиси интиқод аз мақомоти ИМА дар шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Аммо Байден мегӯяд, аксари сокинони ИМА аз берун овардани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон истиқбол мекунанд, танҳо шеваи амалӣ кардани ин кор боиси интиқод гардид.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0