https://sputnik.tj/20210913/vazorat-omor-nav-koronavirus-tojikistonro-1042212548.html
Наздик ба пирӯзӣ. Вазорат омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард
Наздик ба пирӯзӣ. Вазорат омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр кард
2021-09-13T09:29+0500
2021-09-13T09:29+0500
2021-09-13T12:58+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
ваксина
коронавирус
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103124/12/1031241224_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_010eba6bd0ac07fdf52bf2ad514160c0.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз наздик расидан ба поёни пандемия дар кишвар хабар медиҳад.Тибқи иттилои ин ниҳод, дар 24 соати гузашта дар кишвар танҳо ташхиси коронавируси 9 нафар мусбат будааст.Ҳамин тариқ, аз оғози паҳншавии пандемия дар Тоҷикистон то имрӯз 17 084 нафар ба вируси корона гирифтор шудааст.Давоми шабонарӯзи ахир 11 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфта, шумораи умумии он нафароне, ки аз ин беморӣ ҷон ба саломат бурдаанд, ба 16,946 расид.Аз нимаи моҳи август дар кишвар ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст, аммо дар маҷмӯъ 124 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.Мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон авохири моҳи август рӯ ба коҳиш овард.Ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, кишвар мавҷи дуввуми COVID-19-ро паси сар карда истодааст.Хотиррасон мекунем, ки Вазорати тандурустӣ мунтазам аз ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки қоидаҳои пешгирии коронавирусро риоя кунанд: дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд.
https://sputnik.tj/20210908/hatarnoktarin-nishonai-koronavirus-1042122864.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103124/12/1031241224_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_3887e383d43e8faec5594326accd16cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
наздик, пирӯзӣ, вазорат, омор, коронавирус, тоҷикистон, нашр,
наздик, пирӯзӣ, вазорат, омор, коронавирус, тоҷикистон, нашр,
Наздик ба пирӯзӣ. Вазорат омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард
09:29 13.09.2021 (Навсозишуда: 12:58 13.09.2021) Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр кард
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз наздик расидан ба поёни пандемия дар кишвар хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар 24 соати гузашта дар кишвар танҳо ташхиси коронавируси 9 нафар мусбат будааст.
Ҳамин тариқ, аз оғози паҳншавии пандемия дар Тоҷикистон то имрӯз 17 084 нафар ба вируси корона гирифтор шудааст.
Давоми шабонарӯзи ахир 11 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфта, шумораи умумии он нафароне, ки аз ин беморӣ ҷон ба саломат бурдаанд, ба 16,946 расид.
Аз нимаи моҳи август дар кишвар ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст, аммо дар маҷмӯъ 124 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.
Мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон авохири моҳи август рӯ ба коҳиш овард.
Ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, кишвар мавҷи дуввуми COVID-19-ро паси сар карда истодааст.
Хотиррасон мекунем, ки Вазорати тандурустӣ мунтазам аз ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки қоидаҳои пешгирии коронавирусро риоя кунанд: дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд.