https://sputnik.tj/20210913/sabti-khuruj-bemori-sukhtani-qirghiziston-1042230399.html
Сабти бемории сӯхтанӣ дар Қирғизистон
Сабти бемории сӯхтанӣ дар Қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Қирғизистон чанд нафар, аз ҷумла кӯдакон бо осори бемории сӯхтанӣ бистарӣ шудаанд
2021-09-13T17:24+0500
2021-09-13T17:24+0500
2021-09-13T19:40+0500
қирғизистон
тандурустӣ
осиёи марказӣ
касалиҳои номаълум
сӯхтан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101509/68/1015096810_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_cce638f7685b24cc2cda195eb7459a29.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Оқсойи Қирғизистон бо гумони гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ҳафт нафар бистарӣ шуданд, хабар додаст 24.kg.Гирифторони ин беморӣ асосан мардонанд, аммо чанд нафар зану кӯдак низ дар миёни онҳо ҳаст. Манбаъ афзуд, дар беморон осори бемории сӯхтанӣ ошкор шуда, аллакай хулосаҳои ташхиси нафари аввал вуҷуди ин бемориро тасдиқ кардаст. Қубаничбек Бектурдиев, як корманди Маркази ҷумҳуриявии қарантинии Қирғизистон изҳор дошт, ки феълан шаш нафар дар маркази тадовии умумиӣ қарор доранд. Ӯ афзуд, ки вазъи як нафари онҳо вазнини миёна буда, сиҳҳати нафарони дигар муътадил мебошад. Инчунин муқаррар шудааст, ки ҳудуди 35 нафар бо беморон робита доштаанд ва барои пешгирӣ аз бемории сӯхтанӣ барои ҳамаи онҳо истеъмоли доруҳои зидди ин беморӣ тавсия шудааст. Манбаъ мегӯяд, ҳамаи бистаришудаҳо гӯшти гови беморро хӯрдаанд. Дар маҷмӯъ аз ин ғизо ҳудуди 50 нафар истеъмол кардааст. Феълан маконе, ки гови бемор кушта шуд, бетонпӯш гардида, ин мавзеъ ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20210706/tojikiston-atfol-falaj-vaksin-1040692435.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101509/68/1015096810_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_6efe682f7050d6dff4dd6acc45970246.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сӯхтанӣ, беморӣ, кӯдакон, қирғизистон
сӯхтанӣ, беморӣ, кӯдакон, қирғизистон
Сабти бемории сӯхтанӣ дар Қирғизистон
17:24 13.09.2021 (Навсозишуда: 19:40 13.09.2021) Дар Қирғизистон чанд нафар, аз ҷумла кӯдакон бо осори бемории сӯхтанӣ бистарӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Оқсойи Қирғизистон бо гумони гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ҳафт нафар бистарӣ шуданд, хабар додаст 24.kg.
Гирифторони ин беморӣ асосан мардонанд, аммо чанд нафар зану кӯдак низ дар миёни онҳо ҳаст.
Манбаъ афзуд, дар беморон осори бемории сӯхтанӣ ошкор шуда, аллакай хулосаҳои ташхиси нафари аввал вуҷуди ин бемориро тасдиқ кардаст.
Қубаничбек Бектурдиев, як корманди Маркази ҷумҳуриявии қарантинии Қирғизистон изҳор дошт, ки феълан шаш нафар дар маркази тадовии умумиӣ қарор доранд. Ӯ афзуд, ки вазъи як нафари онҳо вазнини миёна буда, сиҳҳати нафарони дигар муътадил мебошад.
Инчунин муқаррар шудааст, ки ҳудуди 35 нафар бо беморон робита доштаанд ва барои пешгирӣ аз бемории сӯхтанӣ барои ҳамаи онҳо истеъмоли доруҳои зидди ин беморӣ тавсия шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳамаи бистаришудаҳо гӯшти гови беморро хӯрдаанд. Дар маҷмӯъ аз ин ғизо ҳудуди 50 нафар истеъмол кардааст.
Феълан маконе, ки гови бемор кушта шуд, бетонпӯш гардида, ин мавзеъ ба қайд гирифта шудааст.