Дар Тоҷикистон тамоми атфол аз фалаҷ ваксин гирифтанд

© PixabayМаленькая девочка играет на улице, архивное фото
Маленькая девочка играет на улице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.07.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон қариб тамоми кӯдакони аз 6 -сола поён аз фалаҷ ваксин гирифтанд
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон ваксинзанӣ аз полиомиелит ё фалаҷи атфол ба анҷом мерасад.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар медиҳад, феълан бештар аз 1 миллион 285 ҳазору 99 кӯдак эм карда шуданд, ки ин 99,2 дар сад аз шумораи банақшагирифта мебошад.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки кӯдаконе эм шуданд, ки аз 1 январи соли 2016 то 31 майи соли 2021 таваллуд шудаанд.
Медицинский работник вводит капли вакцины против полиомиелита ребенку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2021
Воридоти миллионҳо ваксинаи зидди фалаҷи атфол ба Тоҷикистон
Вазорат афзудааст, ки ба кишвар 4,630 миллион воя ваксини индонезии зидди фалаҷи атфол ворид гардидааст.
Дар маъракаи ваксингузаронӣ дар кишвар 7634 корманди тибб ширкат варзиданд, ки махсус омода шуда буданд.
Ёдрас мешавем, ваксин ба кишвар баъди оне ворид гардид, ки СУТ дар бораи бурузи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон хабар дод. Бино бар изҳороти расмии Вазорати тандурустӣ, ин беморӣ бино бар сари вақт эм нашудани кӯдакон авҷ гирифт.
Лентаи хабарҳо
0