https://sputnik.tj/20210913/qaror-sud-istefo-shaykh-ahmad-maqom-prezident-1042223087.html
Истеъфои Шайх Аҳмад аз мақоми Президенти Шӯрои олимпии Осиё баъди қарори додгоҳ
Истеъфои Шайх Аҳмад аз мақоми Президенти Шӯрои олимпии Осиё баъди қарори додгоҳ
Sputnik Тоҷикистон
Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, президенти Шӯрои олимпии Осиё - "ОСА" дар пайи қарори додгоҳи Женева, ки ӯро гунаҳкор хонд, муваққатан аз вазифааш истеъфо додаст
2021-09-13T13:28+0500
2021-09-13T13:28+0500
2021-09-13T18:02+0500
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
истеъфо
осиё
кумитаи миллии олимпии ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0d/1042222995_0:0:750:423_1920x0_80_0_0_d4d0cd9f5ee1a9c07370486a4f189d67.png
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар мавриди истеъфои Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо такя ба ноиби фахрии Президенти ОСА Раҷа Рандир Сингҳ хабар додаст. Ба гуфтаи Сингҳ, пас аз қарори додгоҳи Женева аз рӯзи 10 сентябри соли 2021 Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ муваққатан аз вазифаи президенти ОСА канор рафтааст. Додгоҳ ӯро дар сохтакории ҳуҷҷатҳо гунаҳкор дониста, ба 13 моҳи ҳабс маҳкумаш кардааст."Шайх Аҳмад ва чор нафар ҳамроҳаш, аз ҷумла вакилони дифоъ барои он гунаҳкор дониста мешаванд, ки гӯё наворҳои дурӯғине сохтаанд, то ду масъули давлатии Кувейтро ба табадулоти давлатӣ ва фасод гунаҳкор намоянд", - омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Манбаъ афзуд, ки Шайх Аҳмад ин иттиҳомотро рад карда, гуфтааст, аз болои қарори додгоҳ шикоят мекунад ва тариқи додгоҳҳои Швейтсария доғи судияшро пок мекунад. Дар ҳамин ҳол Раҷа Рандир Сингҳ муваққатан уҳдадориҳои Президенти OCA-ро иҷро хоҳад кард.Раҷа Сингҳ изҳори итминон кардааст, ки Шайх Аҳмад дар мурофиаҳои додгоҳӣ пирӯз хоҳад шуд ва аз масъулини кумитаҳои миллӣ даъват намудааст, ки дар иҷрои вазифаҳо бо ӯ ҳамкорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20210913/elon-gholibon-kushti-idona-dushanbe-moshin-1042221504.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0d/1042222995_47:0:714:500_1920x0_80_0_0_620e5968bee4d8ef35aa5c74e8b1d92c.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумитаи миллии олимпӣ, президент, шӯрои олимпӣ
кумитаи миллии олимпӣ, президент, шӯрои олимпӣ
Истеъфои Шайх Аҳмад аз мақоми Президенти Шӯрои олимпии Осиё баъди қарори додгоҳ
13:28 13.09.2021 (Навсозишуда: 18:02 13.09.2021) Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, Президенти Шӯрои олимпии Осиё - ОСА дар пайи қарори додгоҳи Женева, ки ӯро гунаҳкор хонд, муваққатан аз вазифааш истеъфо додааст
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар мавриди истеъфои Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо такя ба ноиби фахрии Президенти ОСА Раҷа Рандир Сингҳ хабар додаст.
Ба гуфтаи Сингҳ, пас аз қарори додгоҳи Женева аз рӯзи 10 сентябри соли 2021 Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ муваққатан аз вазифаи президенти ОСА канор рафтааст.
Додгоҳ ӯро дар сохтакории ҳуҷҷатҳо гунаҳкор дониста, ба 13 моҳи ҳабс маҳкумаш кардааст.
"Шайх Аҳмад ва чор нафар ҳамроҳаш, аз ҷумла вакилони дифоъ барои он гунаҳкор дониста мешаванд, ки гӯё наворҳои дурӯғине сохтаанд, то ду масъули давлатии Кувейтро ба табадулоти давлатӣ ва фасод гунаҳкор намоянд", - омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Манбаъ афзуд, ки Шайх Аҳмад ин иттиҳомотро рад карда, гуфтааст, аз болои қарори додгоҳ шикоят мекунад ва тариқи додгоҳҳои Швейтсария доғи судияшро пок мекунад.
Дар ҳамин ҳол Раҷа Рандир Сингҳ муваққатан уҳдадориҳои Президенти OCA-ро иҷро хоҳад кард.
Раҷа Сингҳ изҳори итминон кардааст, ки Шайх Аҳмад дар мурофиаҳои додгоҳӣ пирӯз хоҳад шуд ва аз масъулини кумитаҳои миллӣ даъват намудааст, ки дар иҷрои вазифаҳо бо ӯ ҳамкорӣ намоянд.