Эълони ғолибони куштии идона дар Душанбе: Тақдими 6 мошин ва ҳазорҳо доллар

© Sputnik / Амир ИсаевВодопад в парке “Наврузгох”. Архивное фото
Водопад в парке “Наврузгох”. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи куштии миллиро, ки бо иштироки намояндагони 13 давлат дар Душанбе баргузор шуд, эълон намуд
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар мусобиқаи куштии бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон дар Наврӯзгоҳи Душанбе паҳлавонон аз Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон зӯрозмоӣ карданд.
Кумитаи олимпӣ афзуд, ки зӯрозмоӣ дар вазнҳои 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва вазни 65 кило миёни бонувон ҷараён гирифт.

"Ба ғолибони ҳар шаш вазн шоҳҷоиза – автомобил, ба барандагони медалҳои нуқра, 3000 доллари ИМА ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 доллари ИМА тақдим гардид", - омадааст дар иттилоия.

Миёни бонувон ҷойи аввалро Камила Бобурова аз Русия, ҷои дуюмро Шоҳида Қаландарова аз Тоҷикистон, ҷойҳои сеюмро Ҷонона Назарова аз Тоҷикистон ва Жанара Кашкин аз Қазоқистон гирифтанд.
Мутаносибан миёни мардҳо дар вазни 60 кило Хайрандеш Муродзода (Тоҷикистон), Ҳақдод Гулов (Тоҷикистон), Сорбон Латифов (Тоҷикистон), Муҳаммадӣ Барим (Эрон) пирӯз шуданд.
Ҷоизаҳо дар вазни 70 килоро Мирзоҷамил Рамазонов (Тоҷикистон), Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон), Аҳмад Масъуд (Тоҷикистон), Дилшод Ҷӯраев (Ӯзбекистон) ва дар вазни 80 килоро Умар Бозоров (Ӯзбекистон), Ҳамроз Раҷабов (Тоҷикистон), Муҳаммад Абдуҷалилов (Тоҷикистон), Ҳайдар Саидакбарзода (Тоҷикистон) гирифтанд.
Таджикские спортсмены на Играх СНГ в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Афзоиши медалҳои варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои ИДМ: тилло ҳанӯз нест
Пирӯзи зӯрозмоиҳо дар вазни 90 кило Ҷаҳонгир Маҷидов (Тоҷикистон), Комроншоҳ Устопириён (Тоҷикистон), Гергий Попунашвилӣ (Гурҷистон) ва Ҷонибек Козоков аз Ӯзбекистон шуданд.
Дар вазни беш аз 90 кило Темур Раҳимов аз Тоҷикистон ҷои аввал, Бекмурод Олтибоев аз Ӯзбекистон ҷои дуюм, Шарифҷон Назриев аз Тоҷикистон ва Иброҳими Шаҳриёр аз Эрон мақомҳои сеюмро ишғол намуданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, ки дар ҷамъбасти мусобиқа ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки бештари медалҳоро ба даст овард, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА супорида шуд.
Таъкид шуд, ки соли равон ин дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи куштии миллӣ мебошад, ки Тоҷикистон баргузор намуд. Мусобиқаи аввал ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0