https://sputnik.tj/20210910/afzoish-medal-tojikiston-nakhustin-boziho-idm-1042178536.html
Афзоиши медалҳои варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои ИДМ: тилло ҳанӯз нест
Афзоиши медалҳои варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои ИДМ: тилло ҳанӯз нест
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мегӯяд, варзишгарони кишвар дар нахустин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон то ҳол 14 медалро ба даст овардаанд
2021-09-10T14:30+0500
2021-09-10T14:30+0500
2021-09-10T14:39+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
қазон
идм
паҳлавон
медал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042177986_0:44:720:449_1920x0_80_0_0_d2b8504c05e3c07224b35e147e9a1fc0.png
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар нахустин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки интизор меравад, 11 сентябр дар Қазон ҷамъбаст гардад, варзишгарони тоҷикистонӣ то ҳол 7 медали нуқра ва 7 биринҷиро соҳиб шудаанд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар риштаи самбо паҳлавони тоҷик Ҷаҳонафрӯз Сулаймонов дар вазни 71 кило сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар мусобиқаи бокси тайландӣ варзишгарони тоҷик ду медал ба даст оварданд. Илова шудааст, ки дар мусобиқаи тенниси рӯи миз, Аминҷон Мавлонов ва Ҷамшед Ҳасанов дар ҷуфти писарон ба медали биринҷӣ даст ёфтаанд. Қаблан дар мусобиқаи куштии тарзи озод ду варзишгари Тоҷикистон – Муҳаммад Икромов дар вазни 61 кило ва Мустафо Ахмедов дар вазни 70 кило сазовори медали нуқра гардиданд. Медали дигари нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс, дар вазни то 75 кило соҳиб шуд.Дар феҳрасти медалдорон инчунин паҳлавонҳои риштаи куштии камарбандӣ - Фирӯзҷон Зиёев (-68кг) ва Дилшод Қурбонов (-82кг) зикр шуданд, ки соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд.Дар маҷмуъ дар якумин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки то 11 сентябр идома меёбад, аз Тоҷикистон 51 варзишгар дар 11 намуди варзиш ширкат доранд. Кумитаи олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин бозиҳо умуман беш аз 1 ҳазор варзишгар аз 10 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.
https://sputnik.tj/20210810/tavsif-raisi-kumita-javononu-varzish-sharoit-tojikiston-1041528636.html
қазон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042177986_43:0:683:480_1920x0_80_0_0_a16d9f31b42343ab1232d8cd9c31f430.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, медал, варзишгарон, бозиҳои идм
афзоиш, медал, варзишгарон, бозиҳои идм
Афзоиши медалҳои варзишгарони тоҷик дар нахустин Бозиҳои ИДМ: тилло ҳанӯз нест
14:30 10.09.2021 (Навсозишуда: 14:39 10.09.2021) Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мегӯяд, варзишгарони кишвар дар нахустин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон то ҳол 14 медалро ба даст овардаанд
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар нахустин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки интизор меравад, 11 сентябр дар Қазон ҷамъбаст гардад, варзишгарони тоҷикистонӣ то ҳол 7 медали нуқра ва 7 биринҷиро соҳиб шудаанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар риштаи самбо паҳлавони тоҷик Ҷаҳонафрӯз Сулаймонов дар вазни 71 кило сазовори медали биринҷӣ шуд.
Дар мусобиқаи бокси тайландӣ варзишгарони тоҷик ду медал ба даст оварданд.
"Бибинишастамоҳ Холова дар вазни то 60 кило миёни духтарон медали нуқра ва Амонҷон Даминов дар вазни то 71 кило миёни писарон медали биринҷиро гирифтанд", - омадааст дар иттилоияи Кумита.
Илова шудааст, ки дар мусобиқаи тенниси рӯи миз, Аминҷон Мавлонов ва Ҷамшед Ҳасанов дар ҷуфти писарон ба медали биринҷӣ даст ёфтаанд.
Қаблан дар мусобиқаи куштии тарзи озод ду варзишгари Тоҷикистон – Муҳаммад Икромов дар вазни 61 кило ва Мустафо Ахмедов дар вазни 70 кило сазовори медали нуқра гардиданд. Медали дигари нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс, дар вазни то 75 кило соҳиб шуд.
Дар феҳрасти медалдорон инчунин паҳлавонҳои риштаи куштии камарбандӣ - Фирӯзҷон Зиёев (-68кг) ва Дилшод Қурбонов (-82кг) зикр шуданд, ки соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд.
Дар маҷмуъ дар якумин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки то 11 сентябр идома меёбад, аз Тоҷикистон 51 варзишгар дар 11 намуди варзиш ширкат доранд. Кумитаи олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин бозиҳо умуман беш аз 1 ҳазор варзишгар аз 10 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок доранд.