https://sputnik.tj/20210913/dushanbe-izhorot-mushtarak-afghoniston-qabul-1042227625.html
Изҳороти муштарак сарони кишварҳои узви СААД дар мавриди вазъи Афғонистон
Изҳороти муштарак сарони кишварҳои узви СААД дар мавриди вазъи Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Сарони кишварҳои узви СААД дар мавриди вазъи Афғонистон изҳороти муштаракро қабул хоҳанд кард
2021-09-13T15:25+0500
2021-09-13T15:25+0500
2021-09-13T18:58+0500
сиёсат
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
саад
муштарак
изҳорот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0d/1042227480_0:3:1201:678_1920x0_80_0_0_1f1208ba139aa6e93b59998cc6457701.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад. Тибқи иттилои котиботи СААД, дар ин мулоқот сарвазири Арманистон Никол Пашинян, раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, роҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури мизбон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунанд. Инчунин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ҳузури дабири кулли СААД Станислав Зас низ дар назар аст. Ба гузориши дафтари матбуотии СААД, яке аз масоили муҳимтарини мулоқот вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви созмон мебошад. Имзои бархе санадҳо дар таъминоти нерӯҳои муштараки СААД, таҷҳизи онҳо бо силоҳу муҳимоти муосир ва баррасии буҷаи созмон барои соли 2022 тайи ин ҷаласа дар назар аст. Раёсат дар СААД аз Тоҷикистон ба Арманистон мегузарад ва дар мулоқоти Душанбе сарвазир Никол Пашинян авлавиятҳои кишварашро дар кори созмон муаррифӣ хоҳад кард. Як рӯз қабл аз мулоқоти роҳбарони давлатҳои узв, рӯзи 15 сентябр ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои созмон баргузор мешавад, ки зимни он вазъи низомию сиёсии минтақа баррасӣ мегардад. Интизор меравад, ки дар мулоқоти Душанбе изҳороти муҳими сиёсӣ, аз ҷумла изҳороти муштараки кишварҳои узви СААД дар бораи вазъи Афғонистон ироа шавад. Вазъи Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Ғарб ва ғасби қудрат аз сӯйи "Толибон"* дар ин кишвар мураккаб шудааст. "Толибон"* аз ташкили аморати исломӣ хабар дода, идораи давлатро бо тафсири хоси қоидаҳои шариат роҳандозӣ карданист. * - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210913/tolibon-khabar-marg-mullo-barodarro-rad-1042226308.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0d/1042227480_44:0:1103:794_1920x0_80_0_0_f7c213598a3c8c71696f50c8eb3dac19.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, изҳорот, муштарак, созмон, афғонистон, амният, толибон, панҷшер
душанбе, изҳорот, муштарак, созмон, афғонистон, амният, толибон, панҷшер
Изҳороти муштарак сарони кишварҳои узви СААД дар мавриди вазъи Афғонистон
15:25 13.09.2021 (Навсозишуда: 18:58 13.09.2021) Сарони кишварҳои узви СААД дар мавриди вазъи Афғонистон изҳороти муштарак хоҳанд дод
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Тибқи иттилои котиботи СААД, дар ин мулоқот сарвазири Арманистон Никол Пашинян, раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, роҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури мизбон Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунанд. Инчунин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ҳузури дабири кулли СААД Станислав Зас низ дар назар аст.
Ба гузориши дафтари матбуотии СААД, яке аз масоили муҳимтарини мулоқот вазъияти Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви созмон мебошад. Имзои бархе санадҳо дар таъминоти нерӯҳои муштараки СААД, таҷҳизи онҳо бо силоҳу муҳимоти муосир ва баррасии буҷаи созмон барои соли 2022 тайи ин ҷаласа дар назар аст.
Раёсат дар СААД аз Тоҷикистон ба Арманистон мегузарад ва дар мулоқоти Душанбе сарвазир Никол Пашинян авлавиятҳои кишварашро дар кори созмон муаррифӣ хоҳад кард.
Як рӯз қабл аз мулоқоти роҳбарони давлатҳои узв, рӯзи 15 сентябр ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои созмон баргузор мешавад, ки зимни он вазъи низомию сиёсии минтақа баррасӣ мегардад. Интизор меравад, ки дар мулоқоти Душанбе изҳороти муҳими сиёсӣ, аз ҷумла изҳороти муштараки кишварҳои узви СААД дар бораи вазъи Афғонистон ироа шавад.
Вазъи Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Ғарб ва ғасби қудрат аз сӯйи "Толибон"* дар ин кишвар мураккаб шудааст. "Толибон"* аз ташкили аморати исломӣ хабар дода, идораи давлатро бо тафсири хоси қоидаҳои шариат роҳандозӣ карданист.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар