https://sputnik.tj/20210913/barnoma-safar-mirziyoev-tojikiston-1042222242.html
Дидори Мирзиёев бо Раҳмону Путин ва Имрон Хон дар Душанбе
Дидори Мирзиёев бо Раҳмону Путин ва Имрон Хон дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Дар рӯзи аввали саммит, раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия мулоқот мекунад. Ҳамчунин вохӯрии ӯ бо сарвазири Покистон Ирон Хон низ дар назар аст
2021-09-13T13:08+0500
2021-09-13T13:08+0500
2021-09-13T17:47+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
сҳш
ӯзбекистон
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040131914_0:66:1280:786_1920x0_80_0_0_db69ed83bb891a44ded92ddc8ecd518f.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳамин ҳафта барои анҷоми як сафари расмӣ озими Тоҷикистон мешавад. Сухангӯи ӯ Шерзод Асадов зимни як нишаст изҳор дошт, ки Мирзиёев ба хотири иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай меҳмони Тоҷикистон мешавад.Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзи аввали нишаст Шавкат Мирзиёев бо раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дидору гуфтугӯ мекунад.Гузашта аз ин Мирзиёев рӯзи 16 сентябр бо сарвазири Покистон Имрон Хон мулоқот мекунад.Зимнан рӯзи 17 сентябр мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардад ва дар ин рӯз сарвари Ӯзбекистон бо раисиҷумҳури Эрон Иброҳими Раисӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.Бояд гуфт, СҲШ тайи ин нишаст бистумин солгарди худро таҷлил мекунад. Пас аз анҷоми нишаст раёсати созмон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон мегузарад. Дар баробари ин нишасте дар формати нав - нишасти "Созмони Ҳамкории Шанхай - Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ" низ дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин нишаст раисиҷумҳурон ва сарвазири Покистон вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20210913/hayat-afghoniston-nishast-shsh-shirkat-1042220147.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040131914_73:0:1208:851_1920x0_80_0_0_010cdddc88183ac5202a51b742885c37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шавкат мирзиёев, тоҷикистон сафар сҳш
шавкат мирзиёев, тоҷикистон сафар сҳш
Дидори Мирзиёев бо Раҳмону Путин ва Имрон Хон дар Душанбе
13:08 13.09.2021 (Навсозишуда: 17:47 13.09.2021) Дар рӯзи аввали нишаст раисиҷумҳури Ӯзбекистон бо сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия мулоқот мекунад. Ҳамчунин вохӯрии ӯ бо сарвазири Покистон Имрон Хон низ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳамин ҳафта барои анҷоми як сафари расмӣ озими Тоҷикистон мешавад.
Сухангӯи ӯ Шерзод Асадов зимни як нишаст изҳор дошт, ки Мирзиёев ба хотири иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай меҳмони Тоҷикистон мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзи аввали нишаст Шавкат Мирзиёев бо раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дидору гуфтугӯ мекунад.
Гузашта аз ин Мирзиёев рӯзи 16 сентябр бо сарвазири Покистон Имрон Хон мулоқот мекунад.
Зимнан рӯзи 17 сентябр мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардад ва дар ин рӯз сарвари Ӯзбекистон бо раисиҷумҳури Эрон Иброҳими Раисӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Бояд гуфт, СҲШ тайи ин нишаст бистумин солгарди худро таҷлил мекунад. Пас аз анҷоми нишаст раёсати созмон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон мегузарад.
Дар баробари ин нишасте дар формати нав - нишасти "Созмони Ҳамкории Шанхай - Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ" низ дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин нишаст раисиҷумҳурон ва сарвазири Покистон вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.