https://sputnik.tj/20210913/hayat-afghoniston-nishast-shsh-shirkat-1042220147.html
Ҳайати Афғонистон дар нишасти СҲШ ширкат намекунад
Ҳайати Афғонистон дар нишасти СҲШ ширкат намекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳама кишварҳои узв дарк мекунанд, ки то замоне ки ҳукумати қонунии аз ҷониби умум эътирофшуда дар Афғонистон вуҷуд надошта бошад, барои даъват кардан ягон асос вуҷуд надорад
2021-09-13T12:10+0500
2021-09-13T12:10+0500
2021-09-13T17:15+0500
дар тоҷикистон
нишаст
душанбе
афғонистон
сҳш
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042153695_0:331:3052:2048_1920x0_80_0_0_5a7e15ca704f9813c2e95743d4ce0405.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҳайати Афғонистон дар нишасти солонаи Созмони Ҳамкории Шанхай, ки аз 16 то 17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат намекунад. Дар ин бора Бахтиёр Ҳакимов, фиристодаи махсуси Президенти Федератсияи Русия дар умури СҲШ, сафири махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ ба ТАСС хабар додааст.Ба гуфтаи ӯ , имконияти даъвати меҳмонон ба нишасти СҲШ аз масъулиятҳои кишвари раисикунанда аст ва қаблан даъватнома ба раисҷумҳури пешини Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо таваҷҷуҳ ба он ки Афғонистон аз аъзои нозир дар СҲШ аст, фиристода шуда буд. Дар посух ба суоли "оё маълум аст, ки Афғонистонро дар нишасти қарибулвқуъ ҳеҷ кас намояндагӣ нахоҳад кард?", Ҳакимов гуфтааст: "Ба эҳтимоли зиёд, бале". Қарор аст, рӯзҳои 16-17 сентябр дар Душанбе нишасти рӯ ба рӯи сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ баргузор шавад.Ҳоло СҲШ ҳашт кишварро шомил мешавад: Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон.Дар назар аст, дар бораи узвияти Эрон низ дар ин нишаст тасмим гирифта шавад.
https://sputnik.tj/20210913/putin-raisivu-imron-khon-tojikiston-prezidentho-meoyand-1042212942.html
душанбе
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042153695_321:0:3052:2048_1920x0_80_0_0_8be07661ba3ed2d45c40befb7f8cdfdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳайат, афғонистон, сҳш,
Ҳайати Афғонистон дар нишасти СҲШ ширкат намекунад
12:10 13.09.2021 (Навсозишуда: 17:15 13.09.2021) Ҳама кишварҳои узв дарк мекунанд, то замоне ки ҳукумати қонунии эътирофшуда дар Афғонистон вуҷуд надошта бошад, барои даъват кардани он ҳеҷ далеле вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Ҳайати Афғонистон дар нишасти солонаи Созмони Ҳамкории Шанхай, ки аз 16 то 17 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат намекунад.
Дар ин бора Бахтиёр Ҳакимов, фиристодаи махсуси Президенти Федератсияи Русия дар умури СҲШ, сафири махсуси Вазорати корҳои хориҷӣ ба ТАСС хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ , имконияти даъвати меҳмонон ба нишасти СҲШ аз масъулиятҳои кишвари раисикунанда аст ва қаблан даъватнома ба раисҷумҳури пешини Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо таваҷҷуҳ ба он ки Афғонистон аз аъзои нозир дар СҲШ аст, фиристода шуда буд.
"Аммо дар ин марҳила ҳамаи кишварҳои узв дарк мекунанд, то замоне ки ҳукумати қонунии эътирофшуда дар Афғонистон вуҷуд надошта бошад, барои даъват кардан ҳеҷ далеле вуҷуд надорад. Ҳамто ҳанӯз пайдо нашудааст", - гуфт ӯ.
Дар посух ба суоли "оё маълум аст, ки Афғонистонро дар нишасти қарибулвқуъ ҳеҷ кас намояндагӣ нахоҳад кард?", Ҳакимов гуфтааст: "Ба эҳтимоли зиёд, бале".
Қарор аст, рӯзҳои 16-17 сентябр дар Душанбе нишасти рӯ ба рӯи сарони кишварҳои узви СААД ва СҲШ баргузор шавад.
Ҳоло СҲШ ҳашт кишварро шомил мешавад: Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон.
Дар назар аст, дар бораи узвияти Эрон низ дар ин нишаст тасмим гирифта шавад.