Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Рӯйхати террористон – "туҳфа" – и Устод Ато ба ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой

© AP / Rahmat GulАфганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Обуна шудан
Ато Муҳаммади Нур, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон, рӯйхати раҳбарони созмонҳои террористии Чин, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро нашр кард, ки аз сӯи як шаҳрванди Қазоқистон раҳбарӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 12 сен – Sputnik. Ин ҳам қисмате аз рӯйхати афроди масъул ва саргуруҳҳои созмонҳои террористие, назири "Ал-қоида"*, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ*, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон* ва "Ансоруллоҳ"* аст.
Масъули матбуотии Ато Муҳаммади Нур бо ироаи ин рӯйхат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он дар пайи як иттилои афроди Ҷамъияти исломӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон тайи чанд моҳи ахир ҷамъоварӣ ва тартиб шудааст.
"Ба ҳама кишварҳои минтақа ва ҷаҳон маълум бод, ки "Толибон"* онҳоро "бародари исломӣ" ва "меҳмон" хонда, омодаи таслими онҳо ба кишварҳояшон нестанд ва ба тааҳуде, ки ба ҷомиаи байнулмилалӣ доранд, он ҳам ҳамкорӣ накардан ва паноҳ надодан ба террористони хориҷӣ, аслан эътино намекунанд", - гуфт ин манбаъ.
Ин рӯйхат дар остонаи ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой – Русия, Чин, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон нашр мешавад, ки “Ал-қоида”*, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва “Ансоруллоҳ” – ро созмонҳои террористӣ ва барои амнияти худ хатарнок арзёбӣ мекунанд.
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Муфтии Тоҷикистон: Толибон* чун гузашта хатар доранд
Дар рӯйхате, ки Устод Ато нашр кардааст, номҳои 39 нафар зикр мешаванд. Ҳамагӣ раҳбару саргуруҳҳои созмонҳои террористӣ буда, тобеият ва узвияти онҳо дар созмонҳо мушаххас шудааст. Қароргоҳҳои ҳамаи онҳо дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгиранд ва номи аслии онҳо маълум нест, балки бо номҳои мустаор ё “номҳои ҷиҳодӣ” – ашон зикр мешавад.
Онҳоро шахсе ба номи “Ҳоҷӣ Фурқон” (шаҳрванди Қазоқистон) раҳбарӣ мекунад, ки масъули умумии атбоъи хориҷӣ ва узви Ҳаракти исломии Туркистони Шарқӣ буда, маҳалли фаъолияташ дараи Хустак, вулусволиҳои Ҷурм, Вардуҷ ва Роғистон аст.

"Ансоруллоҳ"*

Муовини “Ҳоҷӣ Фурқон” шахсе ба номи “Салмон”, узви “Ансоруллоҳ” ёд мешавад, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст ва дар рустои Мағзори Хули дараи Хустак зиндагӣ мекунад. “Салмон”, ҳамзамон масъули асосии “Ансоруллоҳ” мебошад, ки аз атбоъи Тоҷикистон таркиб ёфтааст.
Саргурӯҳҳои ин созмони террористӣ, назири “Умар”, “Абумузифа”, “Абдусалом”, “Қосим Ака”, “Ланги Фатҳуллоҳ” (масъули минасозӣ) дар дараи Хустак, “Абуҷаъфар” (масъули низомӣ), “Абубакр” (масъули иршоду даъват), “Бахтиёр Ака” (масъули техникӣ), “Самир”, “Форуқ”, “Маҳдӣ”, “Алӣ”, “Умед”, “Сайфиддин”, “Шайх Абдусалом” (масъули низомӣ), ки бархе ҳам шаҳрванди Ӯзбекистон ном бурда мешаванд, дар Роғистон фаъолият мекунанд.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Афзоиши нуфуси террористон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, ҳудуди 50 ҷангии “Ансоруллоҳ” дар вулусволии Дарқади вилояти Тахор, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, низ ҳузур доранд ва кори аслиашон минасозӣ барои ҳаракати “Толибон” будааст.
Ҳамзамон сардори як гуруҳи ҷангиёни “Ал – қоида”* шахсе ба номи мустаори “Муътасим Биллоҳ”, маъруф ба “Мавлавӣ Иброҳим” низ шаҳрванди Тоҷикистон буда, қароргоҳаш дар рустои Даҳани Шолаи вулусволии Роғистон ҷойгир аст.

Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (IMU)*

Масъули умумии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон шахсе ба номи “Қорӣ Алӣ”, шаҳрванди Ӯзбекистон аст. Саргуруҳҳои ин созмони террористӣ “Қорӣ Зоҳир”, “Ҷундуллоҳ”, “Садоқат”, “Сулаймон”, “Умар”, “Ҳабибуллоҳ”, “Мустафо Чақмоқ”, “Юнус”, “Ахтар” “Комрон”, “Яъқуб”, “Абӯзар”, “Абдуллоҳ” дар дараи Хустак, “Юнус” ва “Шайх Талҳа” (ҳарду минасоз) дар Роғистон мустақар шудаанд.
Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Вазир: террористон метавонанд зери ниқоби паноҳандагон вориди Тоҷикистон шаванд
Аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҳама шаҳрванди Ӯзбекистон буда, раҳбарии ин созмон пас аз кушта шудани Азиз Юлдош, писари Тоҳир Юлдош, асосгузори ин созмон, дар як соли қабл аз сӯи урдуи миллии Афғонистон, бино ба иттилои дарёфтӣ, ба Мустафо Юлдош, писари дигари Тоҳир Юлдош гузаштааст. Феълан ӯ дар Покистон ба сар мебарад.
Ҳамзамон Бибӣ Мукаррама, духтари Юлдош, низ соли гузашта аз Покистон вориди Бадахшони Афғонистон шуда, бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳоло дар вилояти Форёб қарор дорад. Қаблан аз ҳамсари Азиз Юлдош, низ табааи Ӯзбекистон, гузоришҳо пахш шуда буд, ки дар миёни ӯзбекҳои вилоятҳои Сапирул ва Форёб ба нафъи “Толибон” таблиғот мекард.

Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ (ETIM)*

Худи “Ҳоҷӣ Фурқон”, ки табааи Қазоқистон гуфта мешавад, дар раъси на фақат гуруҳҳои террористии хориҷӣ дар Бадахшон, балки раҳбарии Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, созмони террористии ӯйғурҳои Чин қарор дорад.
Саргурӯҳҳои ин созмон ба номҳои “Раҳмон”, “Муҳаммад Наим”, “Бобо Нуроб" ва “Абдулҳақ” дар дараи Хустак ва “Қорӣ Заҳир” дар дараи Вардуҷ паноҳ бурда, ҳамагӣ сокинони вилояти мухтори Шинҷону Ӯйғури Ҷумҳурии халқии Чин мебошанд.
Фармондеҳи тоҷики Толибон Махдум Қорӣ Фасеҳуддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2021
“Мехоҳад ҳамла кунад”: Қорӣ Фасеҳуддин чӣ нақша дорад?
Роҳбари ин созмони террористӣ мушаххас нест. Расонаҳо гоҳе шахсе ба номи “Ҳасан Махдум” ва гоҳе нафареро ба номи “Абдулҳақи Туркистонӣ” – ро раҳбари Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ муаррифӣ мекунанд.

“ДОИШ”* – иҳои билқувва

Дар ҳоле, ки расонаҳои ғарбӣ Чинро яке аз пуштибонони аслии ҳукумати “Толибон” меҳисобанд ва ҳам ҳукумати Ӯзбекистон мехоҳад равобити ҳасанае бо он дошта бошад, ояндаи Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар умқи торикӣ фурӯ меравад.
Ин созмонҳои террористӣ таҳти фармондеҳии Қорӣ Фасеҳуддин, фармондеҳи минтақаи шимолу шарқи Афғонистон ва ҳам масъули китъаи хоси “Толибон” дар дараи Панҷшер ҷанг мекунанд. Гузориш мешавад, ки теъдоде аз онҳо дар шимолу ҷануби Афғонистон низ ҳузур доранд.
Суол ин аст, ки агар Чину Ӯзбекистон ба “Толибон”* фишор оранд, ин созмонҳо чӣ кор хоҳанд кард?
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2021
Медведев аз ҳузури ҳазорҳо ҷангҷӯёни ДИИШ* дар наздикии марзи Осиёи Марказӣ гуфт
Дар чунин ҳол, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ин созмонҳо ва ҳам “Ал-қоида”*, ки низ тибқи ваъдаи “Толибон”* ба Амрико набояд дар Афғонистон ҳузур дошта бошанд, “байрақи сиёҳ” – и “ДОИШ”* –ро боло хоҳанд кард.
Дар минтақае, ки дуруст дар марзҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, бахусус кӯҳистоноти душворгузари Бадахшон, боло шудани “байрақи сиёҳ”, бидуни шак, авоқиби малмус хоҳад дошт.
* - созмонҳои террористӣ, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнуъ аст
Лентаи хабарҳо
0