https://sputnik.tj/20210727/vazir-terroriston-niqob-panohandagon-vorid-tojikiston-1041207251.html
Вазир: террористон метавонанд зери ниқоби паноҳандагон вориди Тоҷикистон шаванд
Вазир: террористон метавонанд зери ниқоби паноҳандагон вориди Тоҷикистон шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Ниҳод аз он ҳарос дорад, ки террористон, ки худро гурезаҳои афғон вонамуд мекунанд, метавонанд дар кишвар пайдо шаванд
2021-07-27T13:11+0500
2021-07-27T13:11+0500
2021-07-27T13:18+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039560548_0:0:2969:1671_1920x0_80_0_0_a2b00dd19efc079bf85e3be859c58e3b.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Аъзои созмонҳои террористӣ метавонанд зери ниқоби паноҳандагон вориди Тоҷикистон шаванд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти харияш изҳор дошт.Ба гуфтаи вай, мумкин аст дар кишвар намояндагони чунин гурӯҳҳое, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ шудаанд, ба мисли Алқоида, Ансоруллоҳ ва Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ пайдо шаванд. Муҳриддин таъкид кард, ки ҷумҳурӣ барои қабули афғонҳо омода аст, аммо мақомот ҳанӯз омода нестанд, ки шумораи дақиқи онро бигӯянд.Қаблан муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар Эмомалӣ Иброҳимзода омодагии Тоҷикистонро барои қабули шаҳрвандони Афғонистон эълон карда буд. Ба гуфтаи ӯ, ҷумҳурӣ омода аст, ки дар қаламрави худ тақрибан 100 ҳазор гурезаро ҷойгир кунад. Онҳо метавонанд дар майдонҳои таълимии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир карда шаванд. Иброҳимзода таъкид кард, ки мақомот "иқтидори кишварро барои қабули шаҳрвандони Афғонистон бо созмонҳои байналмилалӣ меомӯзанд."
https://sputnik.tj/20210723/tojikiston-gureza-afghoniston-qabul-1041119251.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039560548_113:0:2844:2048_1920x0_80_0_0_b777fd365e2014d9d812674e3f307943.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, террористон, паноҳандагон, тоҷикистон, марз
вазир, террористон, паноҳандагон, тоҷикистон, марз
Вазир: террористон метавонанд зери ниқоби паноҳандагон вориди Тоҷикистон шаванд
13:11 27.07.2021 (Навсозишуда: 13:18 27.07.2021) Ниҳод аз он ҳарос дорад, ки террористон, ки худро гурезаҳои афғон вонамуд мекунанд, метавонанд дар кишвар пайдо шаванд
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Аъзои созмонҳои террористӣ метавонанд зери ниқоби паноҳандагон вориди Тоҷикистон шаванд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти харияш изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, мумкин аст дар кишвар намояндагони чунин гурӯҳҳое, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ шудаанд, ба мисли Алқоида, Ансоруллоҳ ва Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ пайдо шаванд.
Муҳриддин таъкид кард, ки ҷумҳурӣ барои қабули афғонҳо омода аст, аммо мақомот ҳанӯз омода нестанд, ки шумораи дақиқи онро бигӯянд.
"Мо бояд барои гурезагон шароити муайяне фароҳам оварем, то паҳншавии коронавирус зиёд нашавад, аз ин рӯ, мо ҳанӯз омода нестем, ки шумораи дақиқи гурезаҳоро, ки барои қабули онҳо омода ҳастем, номбар кунем", - гуфт вазир.
Қаблан муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар Эмомалӣ Иброҳимзода омодагии Тоҷикистонро барои қабули шаҳрвандони Афғонистон эълон карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, ҷумҳурӣ омода аст, ки дар қаламрави худ тақрибан 100 ҳазор гурезаро ҷойгир кунад. Онҳо метавонанд дар майдонҳои таълимии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир карда шаванд.
Иброҳимзода таъкид кард, ки мақомот "иқтидори кишварро барои қабули шаҳрвандони Афғонистон бо созмонҳои байналмилалӣ меомӯзанд."