Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Покистон парвозҳои мунтазам бо Афғонистонро аз сар мегирад

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузариш ба медиабонкВозобновление международных рейсов из аэропорта Ростова-на-Дону
Возобновление международных рейсов из аэропорта Ростова-на-Дону - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Обуна шудан
Парвози аввал миёни Покистон ва Афғонистон 13 сентябр дар нақша аст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Ширкати миллии ҳавопаймоии Покистон Pakistan International Airlines (PIA) парвозҳоро дар хатсайри мусофиркашонӣ ба Кобул аз сар мегирад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "Бол News".
Ҳамин тариқ, аввалин парвоз рӯзи душанбе, 13 сентябр сурат мегирад. Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки мақомоти авиатсионии Афғонистон алакай бо интиқолдиҳанда дар бораи ҷузъиёт мувофиқа карда, барои фуруд овардани ин ширкат дар фурудгоҳи Кобул иҷозатнома додаанд.
Аэропорт Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Манбаъ: ҳарими ҳавоии Афғонистон барои парвозҳои байналмилалӣ боз аст
Мусофирон имкон доранд бо ҳавопаймоҳои Airbus 320 парвоз кунанд.
Дар ҳамин ҳол, пештар ширкати миллии ҳавопаймоии Афғонистон Ariana Afgon Airlines низ нияти азсаргирии парвозҳои байналмилалиро эълон кард. Ширкати миллии интиқоли Афғонистон тасмим гирифтааст, ки парвозҳоро аз ҳафтаи оянда оғоз кунад.
Ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки дар кадом самтҳо парвозҳоро дубора оғоз мекунанд, аммо пештар расонаҳои маҳаллӣ эълом доштанд, ки парвозҳо ба Ҳиндустон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ дар навбати аввал аз сар гирифта хоҳад шуд.
Самолет, на фоне заката - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Русия парвози ҷадид барои берун овардани шаҳрвандон аз Афғонистонро ташкил мекунад
Пештар Русия дар бораи парвози нави чартерӣ аз Афғонистон хабар дода буд. Аз ин парвоз, на танҳо шаҳрвандони Русия, балки аъзои оилаи онҳо, ки шаҳрвандии Русия надоранд, метавонанд истифода кунанд.
Лентаи хабарҳо
0