https://sputnik.tj/20210910/rusiya-parvoz-jadid-afghoniston-tashkil-1042174680.html
Русия парвози ҷадид барои берун овардани шаҳрвандон аз Афғонистонро ташкил мекунад
Русия парвози ҷадид барои берун овардани шаҳрвандон аз Афғонистонро ташкил мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Русия барои барои шаҳрвандони боқимонда дар Афғонистон парвози махсуси дигарро ташкил мекунад
2021-09-10T12:20+0500
2021-09-10T12:20+0500
2021-09-10T12:20+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
шаҳрвандон
тахлия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042000968_159:0:1153:559_1920x0_80_0_0_6d6de7db2d6e0086e7e18730580a028d.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Парвози махсуси ҷадид на танҳо барои шаҳрвандони Русия, балки барои аъзои хонаводаи онҳо, ки шаҳрвандии кишварҳои дигарро доранд, ташкил мегардад. Дар ин бора РИА Новости аз қавли Иван Волинкин, мудири Департаменти консулии Вазорати умури хориҷии Русия хабар дод. Қаблан бархе аз афғонҳо, ки шиносномаҳои Русияро доштанд, таъкид намуданд, ки барояшон иҷоза надода буданд, дар замони тахлия аъзои хонаводаашонро бо худ бигиранд, чун шаҳрвандии Русияро надоштанд. Валинкин дар шарҳи ин иддао гуфт, дар марҳилаи аввал тамаркуз ба тахлияи шаҳрвандони Русия шуда буд. Ӯ изҳори умед кард, ки парвози навро то охири сентябр амалӣ месозанд. Дар ҳамин ҳол сафири Русия дар Кобул, Дмитрий Жирнов изҳор доштааст, ки то ҳол аз ҳудуди 1000 нафар афғонҳо, аз ҷумла дорандаҳои шаҳрвандии Русия дархости берун шудан аз Афғонистонро гирифтаанд. Ба гуфтаи сафир, дар ин миён донишҷӯёне низ ҳастанд, ки дар Русия таҳсил мекунанд ва барои берун овардани ҳамаи дархосткунандагон шояд якчанд парвоз зарур ояд. Тахлияи шаҳрвандони хориҷӣ аз Афғонистон, баъди сари қудрат омадани Толибон* - созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва бархе кишварҳои дигар, шиддат гирифт.*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210910/kuch-majbur-panjsher-tolibon-1042172268.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042000968_283:0:1028:559_1920x0_80_0_0_8c7957f28bc82ac18fbf9250e6a7656e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвоз, тахлия, афғонистон, шаҳрвандон, ташкил
парвоз, тахлия, афғонистон, шаҳрвандон, ташкил
Русия парвози ҷадид барои берун овардани шаҳрвандон аз Афғонистонро ташкил мекунад
Русия барои берун овардани шаҳрвандони боқимонда дар Афғонистон парвози махсуси дигарро ташкил мекунад
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Парвози махсуси ҷадид на танҳо барои шаҳрвандони Русия, балки барои аъзои хонаводаи онҳо, ки шаҳрвандии кишварҳои дигарро доранд, ташкил мегардад. Дар ин бора РИА Новости аз қавли Иван Волинкин, мудири Департаменти консулии Вазорати умури хориҷии Русия хабар дод.
Қаблан бархе аз афғонҳо, ки шиносномаҳои Русияро доштанд, таъкид намуданд, ки барояшон иҷоза надода буданд, дар замони тахлия аъзои хонаводаашонро бо худ бигиранд, чун шаҳрвандии Русияро надоштанд.
Валинкин дар шарҳи ин иддао гуфт, дар марҳилаи аввал тамаркуз ба тахлияи шаҳрвандони Русия шуда буд.
"Феълан Вазорати умури хориҷии Русия бо мақомоти дахлдор масъалаи тахлияи аъзои хонаводаи шаҳрвандони Русияро баррасӣ дорад, ки шаҳрванди кишварҳои дигар мебошанд", - иттилоъ додаст дипломат.
Ӯ изҳори умед кард, ки парвози навро то охири сентябр амалӣ месозанд.
Дар ҳамин ҳол сафири Русия дар Кобул, Дмитрий Жирнов изҳор доштааст, ки то ҳол аз ҳудуди 1000 нафар афғонҳо, аз ҷумла дорандаҳои шаҳрвандии Русия дархости берун шудан аз Афғонистонро гирифтаанд. Ба гуфтаи сафир, дар ин миён донишҷӯёне низ ҳастанд, ки дар Русия таҳсил мекунанд ва барои берун овардани ҳамаи дархосткунандагон шояд якчанд парвоз зарур ояд.
Тахлияи шаҳрвандони хориҷӣ аз Афғонистон, баъди сари қудрат омадани Толибон* - созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва бархе кишварҳои дигар, шиддат гирифт.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар