https://sputnik.tj/20210912/izhoroti-tolibon-dar-borai-hamlahoi-11-umi-sentyabr-dar-ima-1042209641.html
Изҳороти Толибон* дар бораи ҳамлаҳои 11-уми сентябр дар ИМА
Изҳороти Толибон* дар бораи ҳамлаҳои 11-уми сентябр дар ИМА
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаҳои террористӣ дар Иёлоти Муттаҳида Толибонро*, ки он вақт дар Афғонистон ҳукмронӣ мекарданд, ҳайратзада карданд 12.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-12T18:30+0500
2021-09-12T18:30+0500
2021-09-12T18:30+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042008763_23:0:985:541_1920x0_80_0_0_7d12d5acf23312d0fe741d6f62a94089.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тарафдорони Толибон* ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 дар ИМА аз ҷониби "Ал-Қоида"*-ро маҳкум карданд. Дар ин бора намояндаи ҷангҷӯён Суҳейл Шоҳин дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Покистон Geo TV изҳор дошт.Вай қайд кард, ки Толибон* омодаанд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муайян кардани ташкилкунандагони ҳамлаҳо ҳамкорӣ кунанд. Ба гуфти Шоҳин, пас аз ин ҳодиса дархост карда шуд, ки ин масъаларо тавассути муколама ҳал кунанд наин ки ба Афғонистон ворид шаванд. Натиҷаи чунин амалҳо "ҳоло дар пеши назари шумост" қайд кард ҷангҷӯ. Ба гуфти ӯ, радикалҳо дар бораи натиҷаҳои вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба ҷумҳурӣ 20 сол пеш ҳушдор дода буданд. Шоҳин таъкид кард, ки бо дастгирии мардум Толибон* "озодии худро ба даст оварданд". Ёдовар мешавем, ки 11 сентябри соли 2001 террористон "Ал-Қоида"* 4 ҳавопаймои мусофирбарро дар ИМА рабуданд. Ду нафари онҳо ба манораҳои Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат дар Ню Йорк ва дигаре ба бинои Пентагон дар канораҳои Вашингтон бархӯрданд. Ҳавопаймои чаҳорум ба самти пойтахт равона буд, аммо мусофирон тавонистанд амали террористро пешгирӣ кунанд. Аммо ҳавопаймо дар наздикии Шенсвилл, Пенсилвания суқут кард. Дар ин ҳамла тақрибан се ҳазор нафар кушта шуданд. * - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ мебошанд
https://sputnik.tj/20210912/ruykhati-terroriston-tuhfa-ato-ba-shsh-1042204365.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/01/1042008763_143:0:864:541_1920x0_80_0_0_e50f60e349ad10d035f261fb3749e662.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният ва мудофиа, афғонистон, толибон
амният ва мудофиа, афғонистон, толибон
Изҳороти Толибон* дар бораи ҳамлаҳои 11-уми сентябр дар ИМА
Ҳамлаҳои террористӣ дар Иёлоти Муттаҳида Толибонро*, ки он вақт дар Афғонистон ҳукмронӣ мекарданд, ҳайратзада карданд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тарафдорони Толибон* ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 дар ИМА аз ҷониби "Ал-Қоида"*-ро маҳкум карданд.
Дар ин бора намояндаи ҷангҷӯён Суҳейл Шоҳин дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Покистон Geo TV изҳор дошт.
"Хотиррасон мекунам, ки мо ин ҳодисаро маҳкум карда будем. Абдул Салом Заиф он вақт сафир дар Покистон буд ва ман ёвар будам. Мо нишасти матбуотӣ баргузор карда, ин ҳодисаро маҳкум кардем", - таъкид кард ӯ.
Вай қайд кард, ки Толибон* омодаанд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муайян кардани ташкилкунандагони ҳамлаҳо ҳамкорӣ кунанд.
Ба гуфти Шоҳин, пас аз ин ҳодиса дархост карда шуд, ки ин масъаларо тавассути муколама ҳал кунанд наин ки ба Афғонистон ворид шаванд. Натиҷаи чунин амалҳо "ҳоло дар пеши назари шумост" қайд кард ҷангҷӯ.
"Онҳо ба мо гӯш надоданд, ба Афғонистон ҳуҷум карданд ва бо истифода аз силоҳҳои муосир онро ишғол карданд. Беш аз 150 ҳазор сарбози онҳо ва шарикони онҳо ин ҷо буданд", - гуфт сухангӯи ҷангҷӯён.
Ба гуфти ӯ, радикалҳо дар бораи натиҷаҳои вуруди нерӯҳои амрикоӣ ба ҷумҳурӣ 20 сол пеш ҳушдор дода буданд.
Шоҳин таъкид кард, ки бо дастгирии мардум Толибон* "озодии худро ба даст оварданд".
Ёдовар мешавем, ки 11 сентябри соли 2001 террористон "Ал-Қоида"* 4 ҳавопаймои мусофирбарро дар ИМА рабуданд.
Ду нафари онҳо ба манораҳои Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат дар Ню Йорк ва дигаре ба бинои Пентагон дар канораҳои Вашингтон бархӯрданд.
Ҳавопаймои чаҳорум ба самти пойтахт равона буд, аммо мусофирон тавонистанд амали террористро пешгирӣ кунанд.
Аммо ҳавопаймо дар наздикии Шенсвилл, Пенсилвания суқут кард.
Дар ин ҳамла тақрибан се ҳазор нафар кушта шуданд.
* - созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ мебошанд