https://sputnik.tj/20210912/hamla-jangiyon-jabha-aqibnishinii-tolibon-baghlon-1042210788.html
Ҳамлаи нерӯҳои муқовимати миллӣ ва ақибнишинии Толибон* дар Бағлон - манбаъ
Ҳамлаи нерӯҳои муқовимати миллӣ ва ақибнишинии Толибон* дар Бағлон - манбаъ
Sputnik Тоҷикистон
Даргирӣ миёни Толибон* ва хезишҳои мардумӣ дар вилояти Бағлон аз сар гирифта шудааст
2021-09-12T19:40+0500
2021-09-12T19:40+0500
2021-09-12T20:45+0500
афғонистон
толибон
панҷшер
осиёи марказӣ
бағлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042107221_0:23:3069:1749_1920x0_80_0_0_b60f640c4866167afdb6c32f5f6711e6.jpg
ДУШАНБЕ, 12 ceн – Sputnik. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба ҷангиёни Толибон* дар вилояти Бағлон зарба задаанд, иттилоъ дод хабаргузории ТАСС. Ба иттилои манбаъ, даргирӣ миёни нерӯҳои ҷабҳа ва ҷангиёни Толибон* рӯзи якшанбеи 12 сентябр рух додаанд. Назари Толибон* феълан дар мавриди ин хабар маълум нест. Бағлон вилояти ҳаммарз бо Панҷшер мебошад, ки қаблан низ нерӯҳои мардумӣ дар он Толибонро водор ба ақибнишинӣ карда буданд. Аз ҷумла охири моҳи август дар пайи хезиши мардумӣ вулусволиҳои Пули Ҳисор, Деҳ Салоҳ ва Бануи минтақаи Андаробҳо аз вуҷуди Толибон* бозпас гирифта шуда буданд, аммо ин созмон бо равон кардани нерӯҳои бештар ин минтақаро дубора ғасб кард. Нерӯҳои Чабҳаи миллии муқовимати миллии Афғонистон мегӯянд, хатти дифоии онҳо дар Панҷшер бо ҷалби ҳавопаймоҳо ва нерӯҳои махсуси Покистон шикаста шуд ва бинобар ин тасмим гирифтаанд, ки ба ҷангҳои чирикӣ гузаранд. Нерӯҳои муқовимат мегӯянд, муборизаро барои озодию адолат ва ташкили як давлати муътадили исломӣ бо риояи ҳуқуқи ҳамаи ақшору ақвоми Афғонистон, идома медиҳанд. * - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210912/vaziri-faronsa-durughgui-tolibon-hukumat-1042208309.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042107221_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a625a05ab30539a5379259b58522bbdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабҳа, толибон, ҷанг, бағлон, панҷшер, нерӯҳои муоқимати миллии афғонистон
ҷабҳа, толибон, ҷанг, бағлон, панҷшер, нерӯҳои муоқимати миллии афғонистон
Ҳамлаи нерӯҳои муқовимати миллӣ ва ақибнишинии Толибон* дар Бағлон - манбаъ
19:40 12.09.2021 (Навсозишуда: 20:45 12.09.2021) Даргирӣ миёни Толибон* ва хезишҳои мардумӣ дар вилояти Бағлон аз сар гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 12 ceн – Sputnik. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба ҷангиёни Толибон* дар вилояти Бағлон зарба задаанд, иттилоъ дод хабаргузории ТАСС.
Ба иттилои манбаъ, даргирӣ миёни нерӯҳои ҷабҳа ва ҷангиёни Толибон* рӯзи якшанбеи 12 сентябр рух додаанд.
"Субҳи имрӯз дар минтақаи Пули Ҳисори водии Андароб задухӯрд сурат гирифта, Толибон* бо талафот маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд", - навиштааст ТАСС аз қавли манбааш.
Назари Толибон* феълан дар мавриди ин хабар маълум нест.
Бағлон вилояти ҳаммарз бо Панҷшер мебошад, ки қаблан низ нерӯҳои мардумӣ дар он Толибонро водор ба ақибнишинӣ карда буданд.
Аз ҷумла охири моҳи август дар пайи хезиши мардумӣ вулусволиҳои Пули Ҳисор, Деҳ Салоҳ ва Бануи минтақаи Андаробҳо аз вуҷуди Толибон* бозпас гирифта шуда буданд, аммо ин созмон бо равон кардани нерӯҳои бештар ин минтақаро дубора ғасб кард.
Нерӯҳои Чабҳаи миллии муқовимати миллии Афғонистон мегӯянд, хатти дифоии онҳо дар Панҷшер бо ҷалби ҳавопаймоҳо ва нерӯҳои махсуси Покистон шикаста шуд ва бинобар ин тасмим гирифтаанд, ки ба ҷангҳои чирикӣ гузаранд. Нерӯҳои муқовимат мегӯянд, муборизаро барои озодию адолат ва ташкили як давлати муътадили исломӣ бо риояи ҳуқуқи ҳамаи ақшору ақвоми Афғонистон, идома медиҳанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар