https://sputnik.tj/20210912/vaziri-faronsa-durughgui-tolibon-hukumat-1042208309.html
Вазири Фаронса аз дурӯғгӯии Толибон* гуфту барои ҳукуматашон шартҳо гузошт
Вазири Фаронса аз дурӯғгӯии Толибон* гуфту барои ҳукуматашон шартҳо гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди кишварҳое, ки ҳамкорӣ ва эътирофи ҳукумати Толибонро* рад мекунанд, майли афзоиш дорад
2021-09-12T17:00+0500
2021-09-12T17:00+0500
2021-09-12T17:00+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
толибон
фаронса
эътироф
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041930436_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_b5d54b191c911309240d6fe69d3923be.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Фаронса эътирофи ҳукумати нав дар Афғонистонро, ки аз ҷониби Толибон* ташкил шудааст, рад намуд. Дар ин бора вазири умури умури хориҷии Фаронса, Жан-Ив Ле Дриан зимни суҳбат дар шабакаи France 5 иттилоъ дод. "Фаронса эътироф ва ҳаргуна ҳамкорӣ бо ин ҳукуматро рад мекунад. Мо амалҳояшонро интизорем ва бархе шартҳои худро гузоштем", - изҳор дошт Ле Дриан.Ӯ афзудаст, ки барои ҳамкорӣ, Толибонро зарур аст, ба афроде, ки хоҳиши тарки ватанро доранд, иҷозаи берунравӣ диҳад. Инчунин бояд расондани кумаки башардӯстонаро ба навоҳие, ки таҳти назорати бевоситаашон қарор надоранд, иҷозат диҳанду ҳуқуқи инсонро риоя намоянд. Аз шартҳои дигари Фаронса қатъи ҳамкории Толибон* бо "Ал-Қоида"* мебошад. Ин дар ҳолест, ки Толибон* аллакай ҳукумати ҷадидашонро 7 сентябр эълон карданд, ки асосан аз аъзои ин ҳаракати мамнӯъ дар бисёри кишварҳо иборат мебошад. Инчунин шомил кардани занонро ба ҳукумати ҷадидашон Толибон* рад намуданд. * - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210912/merkel-ahdof-afghoniston-1042206251.html
афғонистон
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041930436_910:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_299af19de476ccca4425536b2266711f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фаронса, кишвар, теъдод, дурӯғ, толибон, афғонистон
фаронса, кишвар, теъдод, дурӯғ, толибон, афғонистон
Вазири Фаронса аз дурӯғгӯии Толибон* гуфту барои ҳукуматашон шартҳо гузошт
Теъдоди кишварҳое, ки ҳамкорӣ ва эътирофи ҳукумати Толибонро* рад мекунанд, майли афзоиш дорад
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Фаронса эътирофи ҳукумати нав дар Афғонистонро, ки аз ҷониби Толибон* ташкил шудааст, рад намуд. Дар ин бора вазири умури умури хориҷии Фаронса, Жан-Ив Ле Дриан зимни суҳбат дар шабакаи
France 5 иттилоъ дод.
"Фаронса эътироф ва ҳаргуна ҳамкорӣ бо ин ҳукуматро рад мекунад. Мо амалҳояшонро интизорем ва бархе шартҳои худро гузоштем", - изҳор дошт Ле Дриан.
Ӯ афзудаст, ки барои ҳамкорӣ, Толибонро зарур аст, ба афроде, ки хоҳиши тарки ватанро доранд, иҷозаи берунравӣ диҳад. Инчунин бояд расондани кумаки башардӯстонаро ба навоҳие, ки таҳти назорати бевоситаашон қарор надоранд, иҷозат диҳанду ҳуқуқи инсонро риоя намоянд.
Аз шартҳои дигари Фаронса қатъи ҳамкории Толибон* бо "Ал-Қоида"* мебошад.
"Онҳо чандин бор гуфтанд, ки ба атбои хориҷӣ ва афғонҳо иҷозаи берун рафтан аз Афғонистонро хоҳанд дод, ҳукумати ҳамашумул бо намояндагӣ аз ҳамаро ташкил медиҳанд. Аммо дурӯғ мегӯянд. Натиҷа нест", - таъкид намуд Ле Дриан.
Ин дар ҳолест, ки Толибон* аллакай ҳукумати ҷадидашонро 7 сентябр эълон карданд, ки асосан аз аъзои ин ҳаракати мамнӯъ дар бисёри кишварҳо иборат мебошад. Инчунин шомил кардани занонро ба ҳукумати ҷадидашон Толибон* рад намуданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар