https://sputnik.tj/20210910/sugd-narkhi-bileti-arzon-sokinon-rusiya-toshkand-1042189425.html
Дар Суғд нархи билети ҳавопаймо арзон шуд: чаро сокинон ҳанӯз ба Русия аз Тошканд мераванд
Дар Суғд нархи билети ҳавопаймо арзон шуд: чаро сокинон ҳанӯз ба Русия аз Тошканд мераванд
Sputnik Тоҷикистон
Дар муқоиса ба даҳ рӯзи пеш нархи аз ҳама баландтарин билети ҳавопаймоӣ дар кассаҳои Суғд то 4800 сомонӣ поён шудааст. Ин рақам дар муқоиса се моҳи пеш беш аз 50 дарсад фарқ мекунад
2021-09-10T20:25+0500
2021-09-10T20:25+0500
2021-09-10T20:25+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар тоҷикистон
суғд
ҳавопаймо
парвоз
арзон
чипта
билет
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032889353_333:0:3533:1800_1920x0_80_0_0_db4ce2acb89997b5e66e6455d45a86d3.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Ҳади ақал се корманди кассаи билетфурӯшӣ дар Хуҷанд хабари арзон шудани билети ҳавопаймоӣ барои шаҳрҳои Русияро шарҳ доданд.Онҳо гуфтанд, ки ҳоло арзиши билети хатсайри Хуҷанд – Москва ба 4800 сомонӣ поён шуда, қиммати билети дигар хатсайрҳо аз ин ҳам поёнтар 3800 сомонӣ мебошад.Ин дар ҳолест, ки дар оғози соли ҷорӣ қиммати билети сафар ба Русия то ба 16 – 18 ҳазор сомонӣ дакка зада буд.Равшан як корманди ширкати билетфурӯшӣ дар Хуҷанд таъкид намуд, ки дар сурати парвози ду ҷонибаи мусофирон, аз Русия ба Тоҷикистон ва кишвар ба Русия нархи билет аз ин ҳам поёнтар хоҳад шуд.Аммо тавре дида мешавад бо вуҷуди арзон шудани нархи билетҳо дар Суғд, ҳамоно мушоҳида мешавад, ки бисёриҳо тавассути фурудгоҳи Тошканд ба Русия рафтаниянд. Ин ҳолро ҳамарӯза аз таҷаммӯи сокинон дар назди гузаргоҳҳои наздисарҳадии“Фотеҳобод” и ноҳияи Мастчоҳ ва “Равот” и шаҳри Конибодом мушоҳида мешавад.Онҳое, барои гусели пайвандонашон ба гузаргоҳҳо омадаанд, иброз менамоянд, ки қиммати билет дар Тошканд назар ба Суғд арзонтар аст. “Агар нархи билети Хуҷанд - Масква 4800 бошад, аз Тошканд - Масква ба 3800 сомонӣ рос меояд”сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки барои гусели бародарзодааш ба гузаргоҳ омада буд.Масъулини соҳаи нақлиёти Суғд, сабаби гарон будани билет назар ба Тошкандро ба омилҳои зиёд рабт медиҳанд ва яке аз онҳо сӯзишвории ҳавопаймо аст.Онҳо иброз менамоянд, ки дар Ӯзбекистон сӯзишвории ҳавопайморо истеҳсол мекунанд, вале дар мо ҳанӯз ин имконият вуҷуд надорад ва қариб ҳаманамуд маводи сӯхт аз хориҷа ворид карда мешавад, ки нархи он фарқ мекунад.Дар ҳамин ҳол баъзе аз масъулини намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоӣ сабаби гаронии нархи чиптаро ба баланд будани арзиши хизматрасонии фурудгоҳҳои Хуҷанду Душанбе шарҳ медиҳанд.Юсуфҷон Маюсупов, сухангӯи фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар суҳаб ба Sputnik Тоҷикистон шумори парвози ҳавопаймоӣ ба шаҳрҳои Руисияро шарҳ дод.Ӯ гуфт, ҳамарӯза то 5 парвози ҳавопаймоӣ ба шаҳрҳои Русия ба нақша гирифта шудааст ва дар як ҳафта шумори хатсайрҳо то ба 45 адад мерасад.
https://sputnik.tj/20210903/parvozhoi-doimi-shirkati-havoi-rusiya-tojikiston-1042049595.html
https://sputnik.tj/20210831/fehristi-parvozho-tojikistonu-rusiya-1041992225.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032889353_733:0:3133:1800_1920x0_80_0_0_06ca2d2e70511c7e870a8c5a18bb7bd3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, чипта, ҳавопаймо, билет, арзон
тоҷикистон, суғд, чипта, ҳавопаймо, билет, арзон
Дар Суғд нархи билети ҳавопаймо арзон шуд: чаро сокинон ҳанӯз ба Русия аз Тошканд мераванд
Дар муқоиса ба даҳ рӯзи пеш нархи аз ҳама баландтарин билети ҳавопаймоӣ дар кассаҳои Суғд то 4800 сомонӣ поён шудааст. Ин рақам дар муқоиса се моҳи пеш беш аз 50 дарсад фарқ мекунад
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Ҳади ақал се корманди кассаи билетфурӯшӣ дар Хуҷанд хабари арзон шудани билети ҳавопаймоӣ барои шаҳрҳои Русияро шарҳ доданд.
Онҳо гуфтанд, ки ҳоло арзиши билети хатсайри Хуҷанд – Москва ба 4800 сомонӣ поён шуда, қиммати билети дигар хатсайрҳо аз ин ҳам поёнтар 3800 сомонӣ мебошад.
Ин дар ҳолест, ки дар оғози соли ҷорӣ қиммати билети сафар ба Русия то ба 16 – 18 ҳазор сомонӣ дакка зада буд.
Равшан як корманди ширкати билетфурӯшӣ дар Хуҷанд таъкид намуд, ки дар сурати парвози ду ҷонибаи мусофирон, аз Русия ба Тоҷикистон ва кишвар ба Русия нархи билет аз ин ҳам поёнтар хоҳад шуд.
“Бисёриҳо рафтанд, шумори ками муҳоҷирон боқӣ мондаанд, ки дар чунин вақт нияти ба Русия сафар карданро доранд. Ин, ки талаботи хариши билети ҳавопаймо кам шуд нархҳо ҳам ба таври автоматӣ поён мераванд”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Аммо тавре дида мешавад бо вуҷуди арзон шудани нархи билетҳо дар Суғд, ҳамоно мушоҳида мешавад, ки бисёриҳо тавассути фурудгоҳи Тошканд ба Русия рафтаниянд. Ин ҳолро ҳамарӯза аз таҷаммӯи сокинон дар назди гузаргоҳҳои наздисарҳадии
“Фотеҳобод” и ноҳияи Мастчоҳ ва “Равот” и шаҳри Конибодом мушоҳида мешавад.
Онҳое, барои гусели пайвандонашон ба гузаргоҳҳо омадаанд, иброз менамоянд, ки қиммати билет дар Тошканд назар ба Суғд арзонтар аст. “Агар нархи билети Хуҷанд - Масква 4800 бошад, аз Тошканд - Масква ба 3800 сомонӣ рос меояд”сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки барои гусели бародарзодааш ба гузаргоҳ омада буд.
Масъулини соҳаи нақлиёти Суғд, сабаби гарон будани билет назар ба Тошкандро ба омилҳои зиёд рабт медиҳанд ва яке аз онҳо сӯзишвории ҳавопаймо аст.
Онҳо иброз менамоянд, ки дар Ӯзбекистон сӯзишвории ҳавопайморо истеҳсол мекунанд, вале дар мо ҳанӯз ин имконият вуҷуд надорад ва қариб ҳаманамуд маводи сӯхт аз хориҷа ворид карда мешавад, ки нархи он фарқ мекунад.
Дар ҳамин ҳол баъзе аз масъулини намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоӣ сабаби гаронии нархи чиптаро ба баланд будани арзиши хизматрасонии фурудгоҳҳои Хуҷанду Душанбе шарҳ медиҳанд.
Юсуфҷон Маюсупов, сухангӯи фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд дар суҳаб ба Sputnik Тоҷикистон шумори парвози ҳавопаймоӣ ба шаҳрҳои Руисияро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, ҳамарӯза то 5 парвози ҳавопаймоӣ ба шаҳрҳои Русия ба нақша гирифта шудааст ва дар як ҳафта шумори хатсайрҳо то ба 45 адад мерасад.