Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Феҳристи нави парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия нашр шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешСамолет авиакомпании "Уральские авиалинии", архивное фото
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Обуна шудан
Ширкатҳои ҳавоии Русияву Тоҷикистон феҳристи нави парвозҳоро миёни ду кишварро нашр карданд
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тоҷикистону Русия шумораи парвозҳои мустақимро миёни ду кишвар афзоиш хоҳанд дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавирус дар Русия, аз 27 август парвозҳои мунтазам миёни Русия ва Тоҷикистон зиёд шудааст.
Ҳамин тариқ, ширкати русии UTair Airlines санаи 31 август, 2, 4 ва 5 сентябр парвозҳо аз Маскав (Внуково) ба Душанберо анҷом медиҳад. Аз 7 сентябр парвозҳо дар масири Маскав - Душанбе ҳамарӯза анҷом дода мешаванд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Русия Вячеслав Викторович Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2021
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ба бештар кардани парвозҳо бо Русия ба мақомдори баландпояи рус
Парвозҳо аз Душанбе ба Маскав (Внуково) тариқи ин ширкат рӯзҳои 1, 3, 5 ва 6 сентябр ва аз 8 сентябр - ҳар рӯз ба нақша гирифта шудаанд.
Аз 27 август ширкати Сомон Эйр ҳар рӯз парвозҳоро ба самти Душанбе - Москва - Душанбе анҷом медиҳад.
Ҷадвали парвозҳо ба минтақаҳои Русия ҳоло ҳам дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.
Ширкати Ural Airlines нақша дорад, ки ҳар ҳафта ба 38 самт парвозҳои мунтазам анҷом диҳад.
Дар хатсайрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Русия - Москва, Санкт -Петербург, Екатеринбург, Жуковский, Қазон, Калуга, Краснодар, Красноярск, Липецк, Минеральные Воды, Нальчик, Нижнекамск, Нижний Новгород, Новосибирск, Перм, Ростови лаби Дон, Самара, Уфа, Челябинск парвозҳо аз нав барқарор мешавад.
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Русия парвозҳо ба Тоҷикистонро афзоиш дод
Шикати ҳавоии S7 Airlines ("Сибир") нақша дорад, ки ба 23 самт парвози мунтазам анҷом диҳад, ҳавопаймоҳо ҳар ҳафта парвоз хоҳанд кард.
Аз се фурудгоҳи Тоҷикистон метавон ба самти Маскав, Астрахан, Барнаул, Владивосток, Волгоград, Воронеж, Иркутск, Кемерово, Краснодар, Нижний Новгород, Омск, Оренбург, Саратов, Тюмен, Челябинск парвоз кард.
Мо ба шумо хотиррасон мекунем, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия сафар мекунанд, бояд санаде дошта бошанд, ки сироят набудан ба коронавирусро тасдиқ кунанд. Барои ин шумо бояд аз барномаи мобилии "Саёҳат бе COVID-19" истифода намоед.
Лентаи хабарҳо
0